Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

 

17 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки ҳамчун меҳмони фахрӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ширкат меварзад, мулоқот карданд.

Дар вохурӣ ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки тавофуқоти дар ҷараёни гуфтушунидҳои дуҷониба ҳосилшуда, ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории кишварҳои мо хизмат хоҳанд кард.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

 

16 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқоти самимӣ масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва рафти иҷрои созишномаҳои зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Тоҷикистон ба имзорасида, баррасӣ шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба саҳми шахсии муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар рушди муносибатҳои шарикии стратегии мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон баҳои баланд доданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо аҳли маорифи пойтахт дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ

 

1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи наку дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Гимназияи рақами 4 барои хонандагони болаёқати ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе суханронӣ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи омӯзгорону хонандагони пойтахт ва аҳли маорифи кишварро бо оғози соли нави таҳсил табрику таҳният гуфтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханро аз сулҳ оғоз карда, таъкид доштанд, ки мо - мардуми тоҷик, ба қадри сулҳу оромӣ ва зиндагии осоишта мерасем, онро неъмати бузург медонем, зеро мардуми Тоҷикистон ҳаёти осударо бо баҳои ниҳоят гарон ба даст овардаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки мардуми шарафманди тоҷик фарҳанги сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияту осоиштагиро ба фарзандони худ омӯзанд, онҳоро дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ тарбия намоянд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ

51396172697 a9576382e6_c123 августи соли 2021 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъӣ дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

Дар кори иҷлосия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва Дабири кулли СААД Станислав Зас иштирок намуданд.

Ба ҳайси давлати даъватшуда дар иҷлосия Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок намуд.

Аъзои Шӯрои амнияти дастҷамъӣ оид ба вазъ дар Афғонистон ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви СААД мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор намуданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи бинои нави Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

20 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои нави Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нави Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо тарҳу шакли муосир дар маркази пойтахт бо ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қомат афрохт, аз зумраи иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дорои имконоти фарохи фаъолият барои тамоми кормандони Дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои зертобеи Вазорати молияи мамлакат аст. 

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи меҳмонхонаи чорситорадор дар ноҳияи Исмоили Cомонии шаҳри Душанбе

 

20 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт меҳмонхонаи «Сафо Душанбе»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Меҳмонхонаи чорситорадор бо тарҳи муосир ва бо назардошти санъати меъмории миллӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз тарафи соҳибкорони ватанӣ бунёд карда шудааст.

Иншооти замонавӣ аз 13 ошёна иборат буда, дорои 86 ҳуҷра мебошад. Ошёнаи 12-уми бино барои қабули меҳмонони олиқадр пешбинӣ шуда, дар он шароити беҳтарин фароҳам мебошад. Дар ин ошёна барои қабулҳои расмӣ дар сатҳи намояндагони воломақоми кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ имконият мавҷуд буда, сатҳи баланди хизматрасонӣ барои буду бош ва истироҳати меҳмонон аз қабили, ҳамом, ошхонаи алоҳида, утоқҳои фароғатӣ ва ғайра ташкил гардидааст. Дар ошёнаи 13 бино барои меҳмонони олиқадр қаҳвахонаи дорои беҳтарин шароит ва айвонча барои тамошо намудани зебоиҳои шаҳри Душанбе бунёд кардаанд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Ба истифода додани бинои Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе ва Нозироти андоз дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

 

20 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ бинои Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе ва Нозироти андоз дар ноҳияи Исмоили Сомониро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Масоҳати умумии бино 3,4 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, фармоишгари иншоот Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Строй Комплекс» ва лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Проект инвест» мебошад.

Иншооти навбунёд аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум толори хизматрасонӣ ба шаҳрвандон, андозсупорандагон ва маҷлисгоҳ бо 120 ҷойи нишаст ҷойгир мебошад.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе"

 

20 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи пойтахт Муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои хуштарҳу замонавии гимназия аз се қисмати 4 ошёна бо таҳхона иборат буда, барои 2560 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Муассисаи нави таълимӣ дар доираи ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, роҳбари Гурӯҳи корхонаҳои "Ғаюр" Акабар Ғуломов бо харҷи 42 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Президенти м

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ