Ифтитоҳи корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии ҶДММ «Нури Истаравшан» ва боздид аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ

Ифтитоҳи корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии ҶДММ «Нури Истаравшан» ва боздид аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ   10.08.2022

10 август дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нури Истаравшан”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи нави нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, ки самти асосии фаъолияти он ба истеҳсоли ҷӯроб, либоси мактабӣ ва либосҳои фармоишӣ равона гардидааст, аз ҷониби муассис ва роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нури Истаравшан” Исроил Яқубов дар доираи дастгириҳои доимии роҳбарияти олии сиёсии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Оғози сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан ва ифтитоҳи корхонаи бисёрсоҳавии саноатии ҶДММ “Шарафи рӯз”

Оғози сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан ва ифтитоҳи корхонаи бисёрсоҳавии саноатии ҶДММ “Шарафи рӯз”  10.08.2022

10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд.

Дар шаҳри Истаравшан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст корхонаи бисёрсоҳавии саноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шарафи рӯз”-ро ба истифода дода, бо раванди истеҳсоли маҳсулоти ватании ивазкунандаи воридот дар он шинос гардиданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии вилояти Суғд

Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии вилояти Суғд   09.08.2022

9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва анвои меваю сабзавот боздид намуданд.

Дар намоишгоҳ кишоварзони меҳнатқарини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки имрӯзҳо дар ҳама бахшҳои кишоварзӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, самараи мехнати худро ба маъраз гузоштанд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Боздид аз боғи себ ва бодоми “Боғи миллии Ваҳдат” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Боздид аз боғи себ ва бодоми “Боғи миллии Ваҳдат” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров   09.08.2022

9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафар ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз боғи себ ва бодоми муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” дидан намуданд.

Боғи себ 5,21 гектарро ташкил дода, дар он асосан навъи самаренко, ки маъмултарин намуди себ ба ҳисоб меравад, парвариш меёбад. Дар ин масоҳат ниҳолҳои себ 1400 бех буда, бо андозаи 6 бар 6 шинонида шудаанд. Ин тарзи анъанавӣ бунёди боғ мебошад. Алҳол боғи себ ғарқи ҳосил аст ва меваи он дар моҳи сентябр пурра пухта мерасад.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Боздид аз ангурзори Хоҷагии деҳқонии “Дӯстӣ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Боздид аз ангурзори Хоҷагии деҳқонии “Дӯстӣ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  09.08.2022

Дар ҷараёни сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ангурзори Хоҷагии деҳқонии “Дӯстӣ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд.

Хоҷагии ангурпарварии “Дӯстӣ”-ро оилаҳои Муҳиддиновҳо ва Тоҳировҳо аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёд намуда, имрӯз зиёда аз 10 нафар аъзои ин ду оила дар майдони токзор ба ангурпарварӣ машғул ҳастанд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ва полиэтилении ҶДММ “Ориён Пак” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ва полиэтилении ҶДММ “Ориён Пак” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров   09.08.2022

9 август дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ва полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ориён Пак”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи мазкур дар масоҳати 0,54 гектар, бо харҷи 4,6 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Муинҷон Ҳусайнов, Файзуллоҷон Улмасбоев ва Саидакмал Олимов  бунёд шуда, аз ду ошёна иборат аст.

Дар ошёнаи якуми бино истеҳсоли ресмону ороиши халтаҳо ва дар ошёнаи дуюм истеҳсол ва бандубасти халтаҳо ба роҳ монда шудааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсолии коғазҳои рангаи ҶДММ “Дурахшон Бӯстон”-и шаҳри Бӯстон

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсолии коғазҳои рангаи ҶДММ “Дурахшон Бӯстон”-и шаҳри Бӯстон  09.08.2022

Дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Корхонаи истеҳсоли коғазҳои рангаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дурахшон Бӯстон”-ро ба истифода доданд.

Корхона нави саноатӣ бо саҳми соҳибкори ватанӣ Ғайбулло Раҳмонов, бо мақсади таъмини бозори дохила бо маҳсулоти ватании ивазкунандаи воридот, бо 20 ҷои корӣ, дар масоҳати 0,47 гектар таъсис дода шудааст.

Барои бунёди корхона ва таъмини таҷҳизоти технологияи иноватсионӣ 7 миллион сомонӣ маблағ харҷ карда шудааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Ба истифода додани коргоҳи қолинбофии КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” дар шаҳри Бӯстон

Ба истифода додани коргоҳи қолинбофии КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” дар шаҳри Бӯстон  09.08.2022 09:

Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Коргоҳи қолинбофии Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи қолинбофии дастӣ бо истифода аз нахи абрешим дар мамлакат нахустин буда, дар коргоҳ ҳунармандони тоҷик дар якҷоягӣ бо ҳунармандони кишвари дӯсту бародар Ҷумҳурии Узбекистон ба бофтан ва омода намудани қолинҳои хуштарҳ машғуланд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ