Оғози сафари корӣ дар вилояти Хатлон, ифтитоҳи бинои иловагии мактаб ва санги асоси муассисаи томактабӣ дар ноҳияи Қубодиён

Оғози сафари корӣ дар вилояти Хатлон, ифтитоҳи бинои иловагии мактаб ва санги асоси муассисаи томактабӣ дар ноҳияи Қубодиён  01.11.2022

1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо корҳои бунёдкорию созандагӣ, ифтитоҳи иншооти нав, шиносоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ ва мулоқот бо мардум бо сафари корӣ ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ташриф оварданд.

 

Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Утақара Назарови ноҳияи Қубодиён бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-ро ифтитоҳ намуданд.

 

Бинои иловагии мактаб аз ду ошёна иборат буда, дорои 11 синфхона барои 620 ҷойи нишаст дар ду баст ва ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон мебошад.

 

Бинои иловагии нав дар ҷойи бинои фарсудаи қаблӣ бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Фарҳод Зиёев сохта шудааст.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз шароити муосир омӯзгоронро ба беҳтар кардани сифати таълиму тарбия, дар замири хонандагон бедор намудани ҳисси ватандорию ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни миллати тоҷик ва муқаддасоти миллӣ ва ба роҳ мондани робитаи зич бо падару модарон ҳидоят намуданд.

 

Пас аз ифтитоҳи бинои нави мактаб ва суҳбат бо омӯзгорон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди муассисаи томактабӣ санги асос гузоштанд.

 

Бинои нави таълимӣ аз 3 ошёна иборат буда, барои 150 нафар пешбинӣ шудаааст. Тибқи нақша бинои нав бо инфрасохтори мукаммали таълиму тарбия ва дигар иншооти ёрирасон бунёд карда хоҳад шуд.

 

Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо лоиҳаи муассисаи томактабӣ ҷиҳати саривақт ва бо сифати баланд бунёд намудани иншооти мазкур ба масъулин дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти соҳаи маориф ҷиҳати амалишавии яке аз ҳадафҳои асосӣ, ҳарчи бештар фарогирӣ ба таълими томактабӣ мусоидат мекунад.

 
 

Чоп намудан E-mail

Иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ

Иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ  28.10.2022

28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД), ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок карданд.

 

Дар кори иҷлосия ҳамчунин Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас иштирок намуданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Норак

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Норак   24.10.2022

24 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Норак” дар саҳни ҳавлии неругоҳ бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Норак мулоқот карданд.

Нахуст Сарвари давлат ҳамаи ҳозиринро ба муносибати ба кор андохтани агрегати якум ва ба ифтихори 50-солагии оғози фаъолияти ин неругоҳи азими кишвар табрику таҳният гуфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Неругоҳи барқи обии “Норак” то имрӯз бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар Осиёи Марказӣ ва муаррификунандаи иқтидорҳои азими гидроэнергетикии кишвари азизамон ба шумор меравад.

Таъкид гардид, ки дар неругоҳ аз оғози фаъолияти он то имрӯз зиёда аз 486 миллиард киловатт-соат барқ истеҳсол шудааст, ки беш аз 336 миллиард киловатт-соат ё 70 фоизи он ба давраи соҳибистиқлолии кишвар рост меояд.

Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти аҳаммияти неругоҳ дар рушди иқтисодии кишвар ва татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ ҳанӯз аз аввали солҳои 2000-ум таҷдиду барқарорсозии неругоҳи барқи обии “Норак”-ро оғоз карда буд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо собиқадорону фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳри Кӯлоб

Мулоқот бо собиқадорону фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳри Кӯлоб   23.10.2022

23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бо собиқадорону фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр мулоқот ва суҳбати самимӣ доир намуданд.

 

Дар оғози мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдому ташаббусҳои сокинони шаҳри Кӯлоб барои дастгирӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат баҳои баланд доданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Боздид аз боғи интенсивии “Бобои Шамс” дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва иштирок дар ҷашни Меҳргони вилояти Хатлон

Боздид аз боғи интенсивии “Бобои Шамс” дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва иштирок дар ҷашни Меҳргони вилояти Хатлон   23.10.2022

23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз боғи интенсивии “Бобои Шамс” дидан намуданд.

Боғи мазкур дар доираи татбиқи ҳадафи стратегии мамлакат-таъмини амнияти озуқавории кишвар бунёд карда шуда, хоҷагидорон бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳамасола ҳосили баланд ба даст оварда, дар баробари таъмини аҳолии ноҳия бо меваҳои хушсифат ба хориҷи мамлакат низ содирот менамоянд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва ифтитоҳи майдони Нишони давлатӣ

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва ифтитоҳи майдони Нишони давлатӣ   23.10.2022

23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон, ифтитоҳ ва гузоштани санги асос ба чанд иншоот, шиносоӣ аз ҷамъоварии ҳосил ва истифодаи мақсадноки замин ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ташриф оварданд.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсддини Шоҳин майдони Нишони давлатиро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳа мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

 

Иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорон бунёд карда шуда, ба як макони зебои сайру гашт ва истироҳати сокинон табдил ёфтааст.

 

Баландии сутуни Нишони давлатӣ 20 метр ва худи Нишони давлатӣ 1,8 метрро ташкил медиҳад.

 

Зерсутунҳои  нишони давлатӣ дар масоҳати 80 метри мураббаъ бо истифода аз сангҳои мармари сафед оро дода шуда, 130 метр деворчаҳои иҳотавӣ ва 1400 метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш карда шудаанд.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо дар бунёди майдони мазкур ва сутунпояву нишони давлатӣ баҳои баланд доданд.

 

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков

Мулоқот бо муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков  18.10.2022

18 октябр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков мулоқот карданд.

 

Дар рафти мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он ва натиҷаҳои кори конфронси сатҳи баланди мубориза бо терроризм мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед карданд, ки натиҷаҳои Раванди Душанбе, ки самараи иқдоми муштараки Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид аст, минбаъд низ ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо хатару таҳдидҳои афзояндаи терроризм ва ифротгароӣ хизмат хоҳад кард.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо фиристодаи вижаи Давлати Қатар оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм ва миёнҷигарӣ дар ҳалли низоъҳои Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар Моҷид Ал-Қаҳтонӣ

Мулоқот бо фиристодаи вижаи Давлати Қатар оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм ва миёнҷигарӣ дар ҳалли низоъҳои Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар Моҷид Ал-Қаҳтонӣ   18.10.2022

18 октябр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” бо фиристодаи вижаи Давлати Қатар оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм ва миёнҷигарӣ дар ҳалли низоъҳои Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар Моҷид Ал-Қаҳтонӣ мулоқот карданд.

 

Дар мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Давлати Қатар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи муносибатҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Давлати Қатар, ки раванди устувор касб намудааст, изҳори қаноатмандӣ карданд.

 

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои ҳамкории ду кишварро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ муҳокима намуданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ