Сафари расмии директори Агентӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон ва маросими баимзорасонии “Барномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон барои солҳои 2024-2025”

23 ноябри соли 2023 дар доираи “Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар самти муқовимат ба коррупсия” ҳайати расмии Агентӣ зери роҳбарии директор, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафари хизматӣ анҷом доданд.

 

Дар раванди сафари кории мазкур мулоқоти дуҷонибаи директори Агентӣ, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Алиев Камран Байрамоғли барпо гардида, дар ин замина “Барномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон  барои солҳои 2024-2025” ба имзо расонида шуд.

 

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки баимзорасонии барномаи зикргардида ба таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорҳои дуҷониба дар самти муқовимат ба коррупсия мусоидат хоҳад кард.

 

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ