Иштироки ҳайати расмии Агентӣ дар семинари омӯзишии Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (СҲИР) барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ

17-18 июли соли 2023 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса бо ташаббуси  Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд барои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон семинари омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар он гурӯҳи кории Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

 

Дар чорабинӣ тартиби баҳодиҳии даври 5-уми мониторинги тавсияҳои Шабака мавриди муҳокима қарор дода шуда, бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу таҷрибаи масъулини кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон, ки ба таҳияи ҳисоботҳои мониторингӣ машғул мешаванд, дастури методӣ дода шуд.

 

Ёдовар мешавем, ки дар доираи Нақшаи Истамбулии амалҳо (НИА) оғоз аз соли 2004 то инҷониб дар кишвар 4 маротиба мониторинги рафти иҷрои тавсияҳои Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (СҲИР) барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ гузаронида шуда, бо мақсади гузаронидани даври 5-уми мониторинг соли 2024 ташрифи коршиносони Шабака ба ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ