Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати шахсии мақомот Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дастаҷамъона тамошо карданд.

 

 Боиси қайд аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, дар баробари натиҷагирӣ аз як соли фаъолияти Ҳукумати кишвар, воқеан як барномаи мукаммале дар роҳи беҳбудбахшии ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва дар умум тамоми ҷанбаҳои зиндагии ҷомеа мебошад.

 

 Бинобар ин, ҳар як фарди бо нангу номуси ватанро зарур аст, ки бо такя ба ҳисси миллӣ дастуру ҳидоятҳои сарвари мамлакатро, ки дар аснои ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҳар як соҳа гузоштаанд, чун дастури асосии афзалиятдошта ва барномаи рӯимизии худ қарор дода, ҷиҳати босифат ва дар сатҳи олӣ таъмин намудани онҳо тамоми чораҳои судмандро роҳандозӣ намояд.

 

 Кормандони Агентӣ ҷиҳати амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат тамоми кушишу ѓайрати хешро равона намуда, зери сиёсати оқилонаи ин абармарди таърихӣ барои ояндаи дурахшони ватани азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ