Мулоқоти Гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шомилшавӣ ба низоми умумии бархурдории тиҷоратии Иттиҳоди Аврупо (GSP+) ва муколамаи ҳуқуқи инсон бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо

 8 декабри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Мушовири асосӣ - директори генералӣ барои савдои Комиссияи Аврупо Хонум Ева Сеноветс дар доираи Гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шомилшавӣ ба низоми умумии бархурдории тиҷоратии Иттиҳоди Аврупо (GSP+) ва муколамаи ҳуқуқи инсон бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.

 

 Зимни мулоқот масълаҳо вобаста ба иҷрои муқаррароти протоколу конвенсияҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз ҷониби намояндагони Иттиҳоди Аврупо саволҳо оид ба ҳолати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия ва санадҳои дахлдори байналмилалӣ дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар пешниҳод гардид, ки масъулини Агентиҳо ба онҳо посухҳои мушаххас манзур намуданд.

 

 Дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро дар густариши минбаъдаи ҳамкориҳо иброз дошта, изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои он ба шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Низоми умумии бархурдории тиҷоратии Иттиҳоди Аврупо (GSP+) замина хоҳад гузошт.

 

  Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ