9 ДЕКАБР РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ

 Коррупсия аз замони қадим то ба имрӯз ҳамчун мушкилоти печида ва мубрами инсоният дар тамоми давраи рушди тамаддуни башарӣ фаъолияти муътадили ҳокимияти давлатиро халалдор карда, монеаи рушд ва инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ гардидааст.

 

 Ҳарчанд ҷомеаи башарӣ бар зидди ин падидаи номатлуб дар муборизаи беамон қарор дошта бошад ҳам, вале то ба имрӯз коррупсия чӣ дар давлатҳои абарқудрат ва чӣ дар давлатҳои рӯ ба инкишоф боқӣ мондааст.

 

 Дар замони муосир низ падидаи мазкур ба худ хусусиятҳои хос, аз ҷумла аз порагирӣ то сӯиистифода аз ваколатҳои мансабиро касб карда, ба институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахшҳои иқтисодиву иҷтимоии ҳаёти ҷамъиятӣ ва арзишҳои волои маънавию ахлоқии ҷомеаи инсонӣ таъсири манфии худро расонида истодааст.

 

 Албатта, зуҳуроти коррупсия дар ҳар шакле набошад, боиси заиф шудани сутунҳои давлатдорӣ ва паст гардидани сатҳи некӯаҳволии мардум мегардад ва муқовимат бар зидди ин падида бояд на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки тамоми аҳли ҷомеа бошад.

 

 Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бартараф ва коҳиш додани шиддати ин падидаи номатлубро дар ҳар баромаду мулоқотҳои худ махсусан таъкид менамоянд.

 

 Аз ҷумла, дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат чунин таъкид доштанд: “Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибори обрӯйи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норозигиҳои шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад”.

 

 Лозим ба ёдоварист, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ оғоз намуд.

 

 Барои таъмини шаффофияти раванди идоракунӣ, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои пешгирикунанда дар соҳаи хизмати давлатӣ, муқаррар кардани ҷавобгарӣ барои содир намудани намудҳои кирдори коррупсионӣ ва ошкору пешгирӣ кардани чунин амалҳо аз тарафи Ҳукумати малакат заминаҳои боэътимоди ташкилию ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуданд.

 

 Бо дарки хатари коррупсия ва оқибати манфӣ доштани он, ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад, ки санади байналмилалӣ ҷиҳати муқовимат ба коррупсияро қабул намояд, то ки он тавонад муносибатҳои давлатҳоро дар самти муқовимат ба ин падидаи манфур пурра ба танзим дарорад.

 

 Бо дарки ҷиддияти оқибатҳои хисороти коррупсия ба амнияти иқтисодии давлатҳои ҷаҳон, бо изҳори ташвиш аз воқеъияти масъалаҳо ва таҳдидҳои коррупсия барои амният ва суботи ҷомеа, ки арзишҳо ва ниҳодҳои демократӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва адолатро халалдор месозанд, ба рушди устувор ва тартиботи ҳуқуқӣ зарар мерасонанд, бо нигаронӣ аз алоқаи байни коррупсия ва шаклҳои дигари ҷинояткорӣ, аз қабили ҷинояткории муташаккилона ва иқтисодӣ, ҳамчунин маблағгузории терроризм, паҳнкунии силоҳи қатли ом ва қонунигардонии маблағҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, 31 октябри соли 2003 “Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия” қабул карда шуд, ки дар он принсипҳои асосии мубориза бо коррупсия, номгӯи чорабиниҳои муҳими зиддикоррупсионӣ, чораҳои пешгирии коррупсия барои давлатҳои иштирокчӣ пешбинӣ шудаанд.

 

 Дар навбати худ 9 декабри ҳамон сол дар шаҳри Меридаи Мексика дар Конфронси сиёсии сатҳи олӣ маросими баимзорасонии ин санади муҳим баргузор гардида, Конвенсияи мазкур аз ҷониби аксари давлатҳои ҷаҳон мавриди пазироӣ қарор гирифт.

 

 Дар ин замина бо ташаббуси Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид 9-уми декабр ҳамчун “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия” дар тамоми ҷаҳон эълон гардид.

 

 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат ба коррупсия “Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия”-ро 25 сентябри соли 2006 ба имзо расонида, 16 апрели соли 2008 тасдиқ (ратификатсия) намуд. Дар ин бобат меъёрҳои қонунгузории кишвар ба талаботи Конвенсияи зикршуда мутобиқ гардонида шуда, дар ин замина чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаву стратегияҳои давлатӣ қабул гардиданд.

 

 Баҳри дар амал татбиқ намудани талаботи моддаи 6 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия, ки ба масъалаи таъсиси мақомот оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия аз ҷониби давлатҳои иштирокчӣ бахшида шудааст, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, №143 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

 

 Агентӣ ҳамчун мақомоти ваколатдори назорати давлатии молиявӣ истифодаи самарабахши маблағҳои давлатӣ ва молу мулки давлатиро барои таъмини амнияти иқтисодии кишвар бо роҳи огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқ ва тафтиши пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд амалӣ гардонида, инчунин иҷрои дигар вазифаҳои бо қонунгузорӣ муқарраршударо таъмин менамояд.

 

 Дар баробари ташаккули заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва таъсиси мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия дар кишвар  баҳри пешгирӣ ва муборизаи беамон бо ин падидаи хатарзою фалаҷкунандаи давлату ҷомеа “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34, “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 ва “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)” бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 қабул ва тасдиқ гардиданд.

 

 Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар давраи амалисозии барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ҷиҳати паст кардани шиддати коррупсия ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.

 

 Чорабиниҳои дар стратегияҳо зикргардида ба меъёр ва принсипҳои қонунгузории миллӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳлили вазъи ҷинояткорӣ ва пешгӯии раванди он, натиҷаҳои тадқиқоти илмию амалияи муқовимат бо коррупсия, таҷрибаи амалҳои муштарак, ки аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод шудаанд, асос ёфтаанд.

 

 Маврид ба зикр аст, ки муқовимат ба коррупсия ва коҳиш додани сатҳи он аз бисёр омилҳо ба монанди дастаҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, савияи баланди донишу маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолнокии ҳар як фарди ҷомеа дар муносибати оштинопазир бо ин зуҳурот вобаста аст.

 

 Аз ин рӯ, даъват ба амал меорем, ки ҷиҳати ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар самти муқовимат ба коррупсия бояд дар якҷоягӣ тамоми қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо истифода аз маҷмӯи тарзу усулҳои муосири муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб фаъолият ва корбарӣ намоянд.

 

 Дар фарҷом тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия самимона табрик намуда, ба онҳо саломатӣ, рӯзгори осуда ва дар корҳои ҳамарӯзаашон бурдбориро орзу дорем.

 

 Роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ