Муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

КАМОЛЗОДА ФИРУЗ АНВАРАЛИ

 

 

17 августи соли 1988 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

 

Миллат – тоҷик.

 

Соли 2011 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

 

Аз ноябри соли 2011 – Ёрдамчии прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе;

 

Аз апрели соли 2013 – Ёрдамчии калони прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе;

 

Аз июни соли 2014 – Прокурори калони ҳарбии шуъбаи назорати умумии Сарпрокуратураи ҳарбӣ;

 

Аз майи соли 2015 – Муовини прокурори ҳарбии гарнизони Рашт; 

 

Аз январи соли 2017 – Сарнозир - ёрдамчии директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; 

 

Аз апрели соли 2018 – Ёрдамчии директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба супоришҳои махсус; 

 

Аз июли соли 2019 – Иҷрокунандаи вазифаи сардори раёсати кадрҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 

Аз январи соли 2021 – Сардори раёсати кадрҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 

Аз феврали соли 2024 – Муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

 

Полковники адлия.

 

Донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ

 

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд

 

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ