Тасарруфи маблағҳои буҷетӣ зимни сохтмони бинои ошхона дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зимни гузаронидани санҷиши молиявӣ – хоҷагидорӣ дар фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд, ки Саидов А.И. ҳамчун муассис - директори ҶДММ “Лоиқ” нақшаи ҷинояткоронаи тасарруфи маблағҳои буҷетиро таҳрезӣ намуда, бо ҳамин мақсад моҳи ноябри соли 2023 зимни сохтмонии иншооти “Сохтмони бинои ошхона иборат аз 2 ошёна, дар ҳудуди қитъаи замини Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ” маблағи 142693 сомонии аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ҷудошударо бо роҳи кам истифода бурдани масолеҳи сохтмонӣ тасарруф намуд.

 

Сипас, номбурда бо мақсади рӯйпӯш намудани амалҳои ҷиноятиаш худи ҳамон вақт санади иҷроиши корҳои сохтмониро вобаста ба иншооти мазкур бо роҳи сохтакорӣ омода намуда, дар он ҳаҷми кор, арзиши масолеҳ ва меъёрҳои сохтмониро барзиёд нишон дода, барои истифодабарии минбаъда ҳуҷҷати баръало қалбакиро ба Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ пешниҳод кард.

 

Вобаста ба ин ҳолат нисбати Саидов А.И. ва шариконаш парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 245 қисми 3 банди “а” ва 340 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои баррасӣ ба суд ирсол гардидааст.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ