Таҷлили “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”

15 ноябри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Рудобаи Мукаррам, сиёсатшинос, директори маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Абдуллоҳи Раҳнамо ва ҳайати васеъи кормандон бахшида ба таҷлили “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” чорабинии тантанавӣ доир гардид.

 

Чорабиниро нахуст директори Агентӣ, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки дар ҳамин санаи рамзӣ яке аз руйдодҳои муҳими сиёсие, ки минбаъд барои Ватани маҳбуби мо аз бисёр ҷиҳат таърихиву тақдирсоз ба ҳисоб меравад - соли 1992 Иҷлосияи 16 - уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз бахшидааст ва ҳамзамон дар ҳамин санаи фархундаи соли 1994 аввалин бор Пешвои муаззами миллат ба ҳайси Президенти Тоҷикистони соҳибистиқлол савганд ёд намуданд.

 

Маҳз аз ҳамин хотир аз ҷониби мардуми сарбаланду хештаншиноси тоҷик дар шакли «Ҷумҳурии Президентӣ» қабул карда шудани низоми идоракунии давлатдории Тоҷикистон маҳсули сабақҳои таърихӣ ва натиҷагириҳо аз самараи фаъолияти давлатдории гузашта ва имрӯзаи мо ба ҳисоб меравад. Хушбахтона, гузаштан ба низоми идоракунии Президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф ва дигар соҳаҳо гардид. Мафҳуми истилоҳи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо шахсият ва хидматҳои бузургу шоистаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвастагии ногусастанӣ дорад. Зеро таърих гувоҳ аст, ки дар раванди фаъолият дар мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми Президентиро ба як ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил дод.

 

Ҳамзамон, директори Агентӣ Султонзода С.С. бо бовари комил иброз намуданд, ки кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сокинони бошарафи ин сарзамини муқаддас, бо Ватани соҳибистиқлол, бо Сарвари маҳбуб ва Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор карда, бо фаъолияти намунавори хизматӣ дар рушду нумуъ ва шукуфоии Ватани азиз саҳми босазо хоҳанд гузошт.

 

Зимнан дар идомаи чорабинӣ кормандони Агентӣ оид ба аҳамияти муҳими таърихӣ доштани ин сана дар ҳаёти мардуми шарифи Тоҷикистон бо маърузаҳои пурмуҳтаво баромад карданд.

 

Дар фаровард директори Агентӣ Султонзода С.С. ҳайати шахсиро бори дигар бо ҷашни фархундаи «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» самимона муборакбод карда, саломатию бурдборӣ ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистони азиз сулҳу сафои ҷовидонаро таманно намуданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ