Баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-Сарвазири мамлакат, муҳтарам Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур аъзоёни Шурои милии муқовимат ба коррупсия, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Рӯдакӣ ширкат варзиданд.
Нахуст ҷаласаро раиси Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қоҳир Расулзода ҳусни оғоз бахшида, барномаи ҷаласаро ба самъи иштирокчиён расониданд. Дар як вақт, ҳисоботи Котиби Шӯро-муовини сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Протоколи ҷаласаи шашуми Шӯро ва Нақшаи кории он барои соли 2019 мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Зимнан Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Султонзода Сулаймон Саид оид ба ҳолати иҷрои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» баромад намуда, камбудиву норасоиҳои дар ин самт ҷойдоштаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Дар идомаи ҷаласа ҳисоботҳои Раиси вилояти Суғд ва Раиси ноҳияи Рӯдакӣ вобаста ба ҳолати иҷрои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва андешидани чораҳои дахлдор ҷиҳати бартараф намудани кабудиҳои ҷойдошта шунида шуд.
Бо назардошти масъалаҳои баррасишуда аз ҷониби Раиси Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Ҳамзамон, дар охири ҷаласа баъди муҳокимарониҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, Нақшаи кории Шӯро барои соли 2020 тасдиқ гардид.
Маркази матбуоти Агентӣ.










