Мулоқоти директори Агентӣ бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус

12 июни соли 2023 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Швед Андрей Иванович мулоқот намуд.

 

Аснои вохӯрӣ ҳайати расмии Агентӣ аз шароити кории кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Беларус шиносоӣ пайдо карда, дар идома рафти иҷрои муқаррароти “Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Беларус дар самти муқовимат ба коррупсия” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Ҷонибҳо дар доираи Созишномаи болозикр ба тафтиши парвандаҳои ҷиноятии коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта, инчунин расонидани ёрии ҳуқуқӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ диққати махсус зоҳир карда, аз ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории мутақобилаи судманд дар самти муқовимат ба коррупсия изҳори қаноатмандӣ намуданд. 

 

Маркази матбуоти Агентӣ       

Чоп намудан E-mail

Иштироки ҳайати Агентӣ дар Конфронси III байналмилалии илмӣ-амалии «Фаъолияти тафтишотӣ: илм, маориф, амалия»

9 июни соли 2023 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Конфронси III байналмилалии илмӣ-амалии «Фаъолияти тафтишотӣ: илм, маориф, амалия» баргузор гардид.

 

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои олӣ ва дигар ниҳодҳои давлатии Ҷумҳуриҳои Беларус, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Федератсияи Россия ҳузур дошта, ҳайати расмии Агентии назорати давлалии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии директори Агентӣ генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид иштирок намуданд.

 

Иштирокчиён роҳҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавиро дар самти тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор дода, нақши Конфронсро дар баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ назаррас арзёбӣ намуданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Баимзорасонии Созишномаи ҳамкорӣ бо Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Беларус

Имрӯз дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус мулоқоти дуҷонибаи директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид бо раиси Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Беларус Гора Дмитрий Юрьевич баргузор гардид.

 

Зимни мулоқот ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаро дар самти муқовимат ба коррупсия ва дигар масъалаҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайн мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд.

 

Бо мақсади таҳкими заминаи ҳуқуқии робитаҳои ду мақомот «Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Беларус дар самти муқовимат ба коррупсия” ба имзо расонида шуд.

 

Чорабинӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифта, изҳори итминон карда шуд, ки Созишномаи мазкур барои мустаҳкам намудани равобити байни ду мақомот дар ҳалли мушкилоти марбут ба коррупсияи фаромиллӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Тақвияти муқовимат ба коррупсия дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии устодону донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, инчунин кормандони соҳаи тиб аз ҷониби кормандони Агентӣ дар зерсохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишкадаи технология ва менеҷменти иноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, Донишгоҳи давлатии Данѓара, Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент ва шӯъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ сӯҳбату вохӯриҳо доир карда шуд.

 

Қайд гардид, ки коррупсия ҳамчун падидаи номатлуб эътимоду боварии мардумро ба сиёсати пешгирифтаи давлатҳои ҷаҳон аз байн бурда, пояҳои давлатдориро коста мегардонад. Дар натиҷаи содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ манфиати давлату ҷамъият мадди назар гардида, иқтидори идоравии давлат ва дигар унсурҳои миллӣ аз байн мераванд. Коррупсияро ҷомеаи ҷаҳони ҳамчун ҷинояте мешуморад, ки он на танҳо обуруву эътибори давлатро дар арсаи байналмилали заиф мегардонад, балки ба сулҳу субот ва истиқлолияти комили давлатҳо таҳдиду хатари бевосита мерасонад.

 

Аз ин лиҳоз, аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки дар кори муқовимат ба коррупсия бетарафӣ зоҳир накарда, баҳри ояндаи дурахшони ватан саҳмгузор бошанд.

 

Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён доир ба мавзуъ ибрози андеша карда, баҳри пешгирии ин падидаи номатлуби замон ва паст кардани шиддати коррупсия аз нигоҳи худ таклифҳои мушаххас пешниҳод намуданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

 

Чоп намудан E-mail

Мулоқоти роҳбарияти Агентӣ бо ҳайати Думаи давлатии Федератсияи Русия оид ба амният ва муқовимат ба коррупсия

2 июни соли 2023 ба дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Думаи давлатии Федератсияи Русия оид ба амният ва муқовимат ба коррупсия ташриф оварданд.

 

Дар рафти мулоқот вобаста ба механизмҳои муосири муқовимат ба коррупсия табодули таҷриба сурат гирифта, ба тавсеаи ҳамкориҳо дар самти муқовимат ба корупсия диққати махсус зоҳир гардид.

 

Дар хотимаи чорабинӣ ҷонибҳо ҷиҳати рушду нумуъ додани ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия изҳори боварӣ намуда, аҳамияти муносибатҳои дуҷонибаро, ки анъанавӣ дӯстона ва дар рӯҳияи шарикии стратегии ду кишвар инкишоф меёбанд, қайд кардаанд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Вохӯрии дуҷониба бо Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе

29 майи соли 2023 дар дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти кории роҳбарияти Агентӣ бо иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе Теа Ҷалиашвилӣ доир гардид.

 

Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Агентӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуда, доир ба масоили муқовимат ба коррупсия ва роҳҳои муосири бартараф намудани сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда муколламаи судманд сурат гирифт.

 

Ҷонибҳо вохурии имрӯзаро имкони хуби баррасии дарёфти роҳҳои ҳамкории мутақобила маънидод карда, мувофиқа гардид, ки дар ояндаи наздик санади ҳамкории муштарак ба имзо расонида шавад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор

 16 майи соли ҷорӣ дар дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати расмии Агентӣ бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор диор гардид.

 

Зимни мулоқот рафти иҷрои барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, татбиқи Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия ва дигар масъалаҳои вобаста ба фаъолияти мақомот мавриди баррасӣ ва муҳокиҳокимаронӣ қарор дода шуд. 

 

Дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо омодагию ҳавасмандии худро барои рушду тавсеи бештари ҳамкориҳо таъкид карданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Суҳбату вохӯриҳои кормандони Агентӣ бо масъулини вазорату идораҳо доир ба вазъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ

Истифодаи мақсадноки биноҳо, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, воситаҳои электронӣ, маблағҳо ва молу мулки дигари давлатӣ, ки барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ вобаста карда шудаанд, яке аз самтҳои афзалиятноки муқовимат ба коррупсия маҳсуб меёбад.

 

Бо ин мақсад аз ҷониби масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор вазорату идораҳо аз қабили Палатаи ҳисоб, Агентии хизмати давлатӣ, Вазорати фарҳанг, Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта», Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи телевизион ва радио ва зерсохторҳои он дар моҳи майи соли ҷорӣ чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ роҳандозӣ гардиданд.

 

Зимни баргузории чорабинӣ ба ҳозирин мазмун ва моҳияти талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” фаҳмонида дода шуда, вазъи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар самти болозикр мавриди муҳокима қарор гирифт.

 

Дар навбати худ шштирокчиён низ доир ба мавзўъ нуқтаи назари хешро иброз дошта, қайд намуданд, ки ин қабил чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шахрвандон заминагузор буда, дар роҳи пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии вобаста ба коррупсия таъсири мусбӣ мерасонад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ