Машварати корӣ дар КВД «Амонатбонк»

Бо мақсади таъмини татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиддикоррупсионб, аз ҷумла “Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионҳ)” ва “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар КВД «Амонатбонк» машварати корӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ доир гардид.

 

Дар чорабинии мазкур роҳу усулҳои ошкор ва бартараф намудани хавфҳои коррупсионӣ, татбиқи барномаи давлатии зиддикоррупсионӣ, таҳияи ҳисобот ва нақшаи мукаммал дар ин самт ба иштирокчиён фаҳмонида шуда, ба онҳо тавсияҳои муфид дода шуд.

 

Дар фарҷом иштирокчиён доир ба мавзӯъ фикру мулоҳизаҳои хешро иброз намуда, ба саволҳои пешниҳоднамудаашон посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

 

 

 

 

Чоп намудан E-mail

Сӯҳбату вохӯрии судманд бо кормандони соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Панҷакент

Дар асоси Нақшаи баргузории чорабиниҳои маърифатӣ-иттилотии зиддикоррупсионии Агентӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли ҷорӣ бо кормандони беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, Шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент дар мавзӯи “Муқовимат ба коррупсия кафили рушди соҳаи тандурустӣ” суҳбату вохӯрии судманд доир гардид.

 

Дар чорабинӣ кормандони Агентӣ доир ба чораҳои муқовимат ба коррупсия ва роҳҳои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ дар соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва ба ин васила паст намудани шиддати коррупсия ва татбиқи босамари барномаҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия бо маъруза баромад намуданд.

 

Дар идома доир ба хавфу хатари экстремизм ва терроризм ба ҷомеа, риояи қатъии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ гузаронида шуд.

 

Дар фарҷом иштирокчиён доир ба мавзӯҳои болозикр фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуда, ба саволҳои пешниҳоднамуда ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

Кормандони Агентӣ ба ҳозирин маводҳои иттилоотӣ оид ба оқибатҳои зараровари кирдорҳои коррупсиониро дастрас намуда, даъват ба амал оварданд, ки барои пешрафту шукуфоии ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузоранд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

 

 

 

 

 

Чоп намудан E-mail

ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ АГЕНТӢ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ

Равандҳои сиёсиву ҷамъиятие, ки таи солҳои охир дар ҷаҳони имрӯза ба вуқуъ мепайванданд, ҷомеаи тоҷикро водор месозанд, ки ба тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ диққати махсус дода шавад, зеро фақат дар ҳолати донистан ва дарк кардани ҳуқуқу вазифаҳои конститутсионии худ шаҳрвандони мо метавонанд, ки бо ҳисси масъулияти баланди ватандустӣ дар роҳи пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия саҳми арзандаи худро гузоранд.

 

Аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав бо иштироки роҳбарон ва муҳосибони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва нақши соҳаи маориф дар баланд бардоштани маърифати зидди коррупсионии аҳолӣ сӯҳбату вохӯрӣ доир гардид.

 

Қайд карда шуд, ки мубориза бо коррупсия аз ҳар як фарди бо нангу номуси миллат, бахусус омӯзгорон ва зиёиён вобастагӣ дорад. Бинобар ин аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки барои пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ фаъолнокӣ нишон дода, баҳри ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ дониш ва неруи худро равона созанд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

 

 

 

Чоп намудан E-mail

Тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи кормандон вохӯрӣ баргузор намуданд.

 

Дар чорабинӣ ба ҳозирин мазмуну муҳтавои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, тарзу усулҳои муосири муқовимат ба коррупсия, ба вуҷуд овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия дар ҷомеа ва рафъи омилҳои ба он мусоидаткунанда шарҳу тавзеҳ дода шуд.

 

Намояндагони Агентӣ дар фарҷом ба саволҳои пешниҳоднамудаи иштирокчиён ҷавобҳои муфассал гардонида, дар навбати худ аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки дар кори муқовимат ба коррупсия бетарафӣ зоҳир накарда, дар пешрафти Ватани азизамон саҳмгузор бошанд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

 

 

 

 

 

 

Чоп намудан E-mail

Баргузории семинари омӯзишӣ дар соҳаи тандурустӣ

Баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати кишвар буда, ба раванди ислоҳоти соҳаи тиб, истифодаи мақсадноку самарабахши маблағҳои давлативу лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва пешгирии ҳодисаҳои коррупсионӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад.

 

Аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони соҳаи тандурустӣ чорабиниҳои таблиғотиву ташвиқотӣ доир карда шуда, мафҳуму моҳияти санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва барномаҳои зиддикоррупсионӣ ба саъми кормандон расонида мешавад.

 

Бо ин мақсад дар Муассисаи давлатии маркази саломатии шаҳрии №1 бо иштироки доираи васеи кормандон семинари омӯзишӣ баргузор гардида, ба ҳозирин нуқтаҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷиикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, аз қабили мафҳумҳои асосӣ, принсипҳои муқовимат ба коррупсия, субъектҳои муқовимат ба коррупсия ва дигар масъалаҳои фарогири қонуни мазкур шарҳу тавзеҳ дода шуд.

 

Дар доираи чорабинии болозикр иштирокчиён доир ба мавзӯъ фикру андешаҳои хешро баён дошта, ба саволҳои пешниҳоднамуда ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

 

 

 

 

 

Чоп намудан E-mail

Баргузории сӯҳбату вохӯрӣ дар соҳаи тандурустӣ

Дар асоси Нақшаи баргузории чорабиниҳои маърифатӣ-иттилоотии зиддикоррупсионии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби кормандони мақомот дар раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” бо иштироки сардор, муовинон ва кормандони зертобеъ сӯҳбату вохӯрӣ дар мавзуи шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” доир карда шуд.

 

Баргузории ҷорабиниҳои мазкур бо мақсади муаррифии нуқтаҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷиикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, аз қабили мафҳумҳои асосӣ, принсипҳои муқовимат ба коррупсия, субъектҳои муқовимат ба коррупсия ва дигар масъалаҳои фарогири қонуни мазкур буда, бо мақсади пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар соҳаҳои тандурустӣ ба масъулин тавсияҳо ва дастурҳои мушаххас дода шуд.

 

Дар доираи вохӯриҳои зикргардида, иштирокчиёни чорабинӣ ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Мулоқоти директори Агентӣ бо Прокурори генералии Федератсияи Россия

4 июли соли 2023 дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия мулоқоти дуҷонибаи директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид бо Прокурори генералии Федератсияи Россия Краснов Игор Викторович баргузор гардид.

 

Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба пешгирӣ, ошкор ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятии хусусияти коррупсионидошта инчунин дигар масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки баҳри мустаҳкам намудани робитаҳои дуҷониба дар ояндаи наздик байни Агентӣ ва Прокуратураи генералии Федератсияи Россия санади ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия омода карда шуда ба имзо расонида шавад.  

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Мулоқоти директори Агентӣ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

21 июни соли 2023 дар дастгоҳи марказии Агентии назорати далатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти директори Агентӣ генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тзи Шумин доир гардид.

 

Пас аз шиносоӣ масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, риояи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар мавзӯҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайн мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд.

 

Ҷонибҳо ба рушду тавсеи ҳамкориҳои мутақобилаи судманд дар самти муқовимат ба коррупсияи фаромиллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, барои дар доираи санадҳои ҳамкории дуҷониба густариш додани он омодагии хешро изҳор намуданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

 

 

 

 

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ