Баргузории чорабиниҳои маърифатӣ-иттилоотии зиддикоррупсионӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ

Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентӣ ҷиҳати таъмини иҷрои банди 4 Нақшаи баргузории чорабиниҳои маърифатӣ-иттилоотии зиддикоррупсионии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24 ноябри соли 2023 дар толори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Агентӣ, муовини якуми вазири тандурустӣ Муҳсинзода Ғафур Муҳсин, роҳбарият ва сармуҳосибони муассисаҳои тандурустӣ семинари омӯзишӣ доир карда шуд.

 

Зимни баргузории семинари омӯзишӣ ба иштирокчиён дар мавзӯи “Чораҳои пешгирии коррупсия дар соҳаи тандурустӣ”, “Баъзе масоилҳо аз таърихи пайдоиши коррупсия ва заминаҳои ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Сабаб ва шароитҳои содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ” шарҳу тавзеҳ дода шуда, аз роҳбарияти вазорат даъват ба амал оварда шуд, ки фаъолиятро баҳри пешгирии содиршавии омилҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандон тақвият бахшида, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ ва тарбияи онҳо дар руҳияи тоқатнопазирӣ ба коррупсия чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Вохӯрии роҳбарияти Агентӣ бо сардори Барномаҳои рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон

29 ноябри соли ҷорӣ дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати далатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии директори Агентӣ муҳтарам Султонзода Сулаймон Саид бо роҳбари Барномаҳои рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ҷаноби Ленни Монтиел доир гардид.

 

Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои муштарак байни Агентӣ ва Барномаҳои рушди СММ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар ин замина таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати ҳамоҳанг сохтани тадбирҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории самарабахш дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои коррупсионӣ ироа гардиданд.

 

Вохӯрӣ дар фазои дӯстиву бародарӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифта, ҷонибҳо баҳри тавсеи ҳамкориҳои мутақобилаи судманд дар самти муқовимат ба коррупсияи фаромиллӣ омодагии худро изҳор намуданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Сафари расмии директори Агентӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон ва маросими баимзорасонии “Барномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон барои солҳои 2024-2025”

23 ноябри соли 2023 дар доираи “Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар самти муқовимат ба коррупсия” ҳайати расмии Агентӣ зери роҳбарии директор, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафари хизматӣ анҷом доданд.

 

Дар раванди сафари кории мазкур мулоқоти дуҷонибаи директори Агентӣ, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Алиев Камран Байрамоғли барпо гардида, дар ин замина “Барномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон  барои солҳои 2024-2025” ба имзо расонида шуд.

 

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки баимзорасонии барномаи зикргардида ба таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорҳои дуҷониба дар самти муқовимат ба коррупсия мусоидат хоҳад кард.

 

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Баргузории чорабиниҳои маърифатӣ-иттилоотии зиддикоррупсионӣ бо кормандони соҳаи маъориф

Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини иҷрои Нақшаи баргузории чорабиниҳои маърифатӣ-иттилоотии зиддикоррупсионии Агентӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарон ва кормандони соҳаи маорифи ноҳия вохӯрии судманд анҷом доданд.

 

Зимни баргузории вохӯрӣ ба ҳозирин роҳу усулҳои муосири муқовимат ба коррупсия, моҳият ва мазмуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, аз ҷумла “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) фаҳмонида шуда, ҷиҳати таъмини иҷрои он бо мақсади пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар ин соҳа ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Конференсия вобаста ба таъсиси платформаи минтақавӣ ҷиҳати мусоидат ба татбиқи босуръати Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия

2 ноябри соли 2023 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Конференсияи байналмилалӣ оид ба таъсиси платформаи минтақавӣ ҷиҳати мусоидат ба татбиқи босуръати Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия доир гардид.

 

Дар конфронси мазкур ҳайати расмии Агентӣ зери роҳбарии директор, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид иштирок намуда, доир ба мавзӯи баррасишаванда ва мавқеи мақомот вобаста ба таъсиси платформаи минтақавӣ ибрози андеша намуданд.

 

Қайд гардид, ки платформаи мазкур ба раванди татбиқи меъёрҳои Конвенсияи СММ зидди коррупсия таъсири мусбӣ расонида, барои муқовимати дастаҷамъона ба коррупсия дар сатҳи минтақа заминаи мусоидро фароҳам меоварад.

 

Чорабинӣ дар фазои илмӣ ва мубоҳисавӣ ҷараён ёфта, иштирокчиён омодагию ҳавасмандии хешро ҷиҳати таъсиси платформаи минтақавӣ ва дар ин замина ба роҳ мондани муқовимати дастаҷамъона бар зидди коррупсия дар сатҳи минтақа иброз карданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Қабули сайёри шаҳрвандон дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд

Мутобиқи банди 10 Нақша-чорабиниҳо оид ба ташкил ва гузаронидани қабули шахсӣ аз ҷониби масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва  мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2023 аз тарафи сардори шуъбаи навбатдории оперативӣ ва изолятор (тавқифгоҳ)-и  нигоҳдории муваққатии Агентӣ, Маҳмадуллозода Неъматулло Ҳикматулло ва нозири шуъбаи коргузорӣ ва қабули муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқии Агентӣ, Қодирӣ Ҳусейн Абдусалом санаи 28 октябри соли 2023 дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд қабули шахсии сайёри шаҳрвандон гузаронида шуд.

 

Чорабинии мазкур дар толори маҷлисгоҳи бинои мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо иштироки раиси ноҳия Нуъмонзода Темурҷон, муовини якум ва муовинон, масъулини сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баргузор гардида, зимни қабул шаҳрвандон оид ба масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замин барои нуқтаи сузишворӣ, шустушӯи воситаи нақлият, баҳси заминҳои кишт, таъмин намудан бо барқи доими ва кӯмакҳои молиявӣ муроҷиат намуданд.

 

Ҳангоми қабул ба муроҷиаткунандагон талаботи қонунгузории ҷорӣ фаҳмонида дода шуда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои матраҳгардида тавсия ва дастурҳо дода шуданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Вохӯрии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони мақомот

27 октябри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи дастгоњи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ бо иштироки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода вохӯрии судманд бо кормандони Агентӣ гузаронида шуд.

 

Чорабинии мазкур таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили пояҳои давлатдории миллӣ” баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” сурат гирифта, вобаста ба зарурати қабули ин қонун, ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, маърифати сиёсию ҳуқуқӣ, зиракии сиёсӣ, пешгирии ҷинояту қонуншиканиҳо, пешгирии шомилшавии баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ раиси Кумита ибрози андеша намуд.

 

Дар идомаи чорабинӣ барои фаъолияти арзанда ва судманд ба як қатор кормандони ҷавони Агентӣ сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардида, даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва ҳифз намудани арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошем.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Мулоқоти роҳбарияти Агентӣ бо ҳайати расмии Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

24 октябри соли 2023 дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсия” барои солҳои 2023-2024 вохӯрии дуҷонибаи роҳбарияти Агентӣ ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардид.

 

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои воҳидҳои наздисарҳадии мақомоти ду кишвар ва рафти иҷрои бандҳои Нақшаи болозикр мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба корҳои анҷомдодашуда дар соли сипаригардида мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

Қайд гардид, ки созишномаи ҳамкории мутақобила барои баланд бардоштани донишу малакаи мутахассисони ҳарду ҷониб, махсусан дар самти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва муқовимат ба коррупсия таъсири мусбӣ расонида, таҷрибаи андӯхта дар ин самтҳо ба беҳтар намудани фаъолият мусоидат намуд.

 

Вохӯрӣ дар фазои дӯстиву бародарӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифта, ҷонибҳо азму иродаи хешро ба рушди бемайлони робитаҳои судманд баён намуданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ