Қабули сайёри шаҳрвандон дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд

Мутобиқи банди 10 Нақша-чорабиниҳо оид ба ташкил ва гузаронидани қабули шахсӣ аз ҷониби масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва  мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2023 аз тарафи сардори шуъбаи навбатдории оперативӣ ва изолятор (тавқифгоҳ)-и  нигоҳдории муваққатии Агентӣ, Маҳмадуллозода Неъматулло Ҳикматулло ва нозири шуъбаи коргузорӣ ва қабули муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқии Агентӣ, Қодирӣ Ҳусейн Абдусалом санаи 28 октябри соли 2023 дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд қабули шахсии сайёри шаҳрвандон гузаронида шуд.

 

Чорабинии мазкур дар толори маҷлисгоҳи бинои мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо иштироки раиси ноҳия Нуъмонзода Темурҷон, муовини якум ва муовинон, масъулини сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баргузор гардида, зимни қабул шаҳрвандон оид ба масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замин барои нуқтаи сузишворӣ, шустушӯи воситаи нақлият, баҳси заминҳои кишт, таъмин намудан бо барқи доими ва кӯмакҳои молиявӣ муроҷиат намуданд.

 

Ҳангоми қабул ба муроҷиаткунандагон талаботи қонунгузории ҷорӣ фаҳмонида дода шуда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои матраҳгардида тавсия ва дастурҳо дода шуданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан