Мулоқоти роҳбарияти Агентӣ бо ҳайати расмии Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

24 октябри соли 2023 дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсия” барои солҳои 2023-2024 вохӯрии дуҷонибаи роҳбарияти Агентӣ ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардид.

 

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои воҳидҳои наздисарҳадии мақомоти ду кишвар ва рафти иҷрои бандҳои Нақшаи болозикр мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба корҳои анҷомдодашуда дар соли сипаригардида мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

Қайд гардид, ки созишномаи ҳамкории мутақобила барои баланд бардоштани донишу малакаи мутахассисони ҳарду ҷониб, махсусан дар самти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва муқовимат ба коррупсия таъсири мусбӣ расонида, таҷрибаи андӯхта дар ин самтҳо ба беҳтар намудани фаъолият мусоидат намуд.

 

Вохӯрӣ дар фазои дӯстиву бародарӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифта, ҷонибҳо азму иродаи хешро ба рушди бемайлони робитаҳои судманд баён намуданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Чоп намудан