Идомаи семинари омӯзишӣ дар шаҳри Ҳисор ва шаҳри Бохтари вилояти Хатлон

 Дар идомаи Нақша – чорабиниҳои Агентӣ давоми моҳҳои ноябр-декабри соли 2022 дар бинои мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ва шаҳри Ҳисор бахшида ба «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия» мутобиқ ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

 

 Дар кори семинар намояндагони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, доир ба мавзуъҳои «Нақши соҳаи маориф дар баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ» ва «Муқовимат ба коррупсия кафили рушди соҳаи тандурустӣ» баромад намуданд.

 

 Семинари мазкур бо иштироки роҳбарияти мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, намояндагои мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, масъулини соҳаҳои маориф ва тандурустӣ гузаронида шуда, роҳҳои пешгирии падидаи манфии коррупсия, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб ва заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии мавҷуда барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони ба чунин кирдорҳо дастзада мавриди муҳокима қарор дода шуд.

 

 Таъкид гардид, ки соҳаҳои мазкур ба ниҳодҳои калидии кишвар шомил буда, нақши онҳо дар баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва коҳиш додани шиддати коррупсия саривақтӣ ва назаррас мебошад.

 

 Дар интиҳо иштирокдорон дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, бахусус кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, инчунин мушкилотҳои соҳа дар ин самт ибрози андеша намуда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ