Вохӯрии маҷозӣ бо Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон

  14 октябри соли 2022, дар доираи “Ёддошти тафоҳум байни Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2023” бо иштироки коршиносони мақомотҳои зикршуда вохӯрии маҷозӣ доир гардид.

 

 Зимни вохӯрӣ вобаста ба истифодаи IT-технологияҳо дар роҳи мубориза бо коррупсия табодули таҷриба сурат гирифта, иштирокчиён доир ба мавзӯъ ибрози андеша намуданд.

 

  Қайд гардид, ки дар замони муосир иттилоот мавқеи хосро дар ҳаёти ҷамъиятӣ касб намуда, дар навбати худ фаъолияти мақомоти давлатӣ низ тавассути иттилоотикунонии ҷомеа амалӣ карда мешавад. Яке аз роҳҳои асосии иттилотикунонии ҷомеа ин самаранок истифода намудани IT-технологияҳо ба ҳисоб рафта, он барои ҷалби ҳарчи бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масоили муқовимат ба коррупсия ва ба ин васила дар паст намудани шиддати ин зуҳуроти номатлуб заминаи мусоидро фароҳам меоварад.

 

 Дар фарҷом ҷонибҳо нақши Ёддошти тафоҳумро дар роҳи муқовимат ба коррупсия муҳим арзёбӣ карда, баҳри тақвияти ҳамкориҳои мутақобилаи судманд омодагии худро баён намуданд. 

 

 Маркази матбуоти Агентӣ. 

Чоп намудан