Вохӯрии директори Агентӣ Султонзода Сулаймон Саид бо Прокурори генаралии Ҷумҳурии Беларус Швед Андрей Иванович

 12 октябри соли 2022 дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Директори Агентӣ генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Швед Андрей Иванович  баргузор гардид.

 

 Меҳмононро директори Агентӣ истиқбол гирифта, ташрифи онҳоро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона ҳайрамақдам гуфтанд.

 

 Дар раванди мулоқот меҳмонон аз дастовардҳои илмӣ-амалӣ, китобхона ва толорҳои баргузории ҷаласаҳои васеъ дидан намуда, ба шарту шароитҳои кормандон баҳои баланд доданд.

 

 Сипас дар доираи “Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Беларус дар самти муқовимат ба коррупсия” бо мақсади ташкил намудани муқовимати самарабахш бар зидди ҷиноятҳои коррупсионӣ байни директори Агентӣ Султонзода Сулаймон Саид ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Швед Андрей Иванович  табодули афкор сурат гирифт.

 

 Зимни суханронӣ Швед Андрей Иванович нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар роҳи муқовимат ба коррупсия дар минтақа муҳим арзёбӣ намуда, таъкид гардид, ки саҳми Агентӣ дар ин раванд пурсамар ва ҳадафрас мебошад.

 Дар вохӯрӣ ҷонибҳо тақвияти ҳамкории мутақобиларо дар доираи ваколатҳои идоравӣ баррасӣ намуда, омодагии худро баҳри андешидани тадбирҳои зарурӣ дар ин самт изҳор намуданд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан