Мизи мудаввар дар мавзӯи “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”

 

2 ноябри соли 2021 бо ташаббуси Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ҷалби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар Кохи Рӯдакӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Моҳият, мазмун ва аҳамияти “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур омӯзиши моҳият, мазмун ва аҳмияти “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва тарзу усул ва роҳҳои самаранок таъмин намудани талаботи ин барномаи зиддикоррупсионӣ мебошад.

Дар чорабинии мазкур бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд баромад намуда, таъкид доштанд, ки бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта то давраи қабули Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи мазкур барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) дар миқёси кишвар ду маротиба барномаи зиддикоррупсионии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қабул карда шуд, ки онҳо аз талошҳои пайвастаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати решакан кардани ин падидаи номатлуб гувоҳӣ медиҳанд.

Дар идома ибрози андеша карда шуд, ки  Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳамчун барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ба ҳисоб рафта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешавад.

Мизи мудаввар дар сатҳи баланди ташкилӣ бо риояи қоидаҳои беҳдошт, дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкории созанда ва натиҷабахш баргузор шуд.

          Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ