ИДИ ҒАЛАБА МУБОРАК, ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!

 

Ҳамасола дар кишвари азизу маҳбуби мо ба хотири ёдбуди онҳое, ки баҳри халқу Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон фидо намудаанд ва барои қадрдонии онҳое, ки баҳри ба даст овардани ғалаба мардонавор ҷангидаанд, 9 май ҳамчун Иди Ғалаба ҷашн гирифта мешавад.

Мо дар остонаи таҷлили 75-умин солгарди ғалабаи бар фашизм қарор дорем. Далериву шуҷоат ва мардонагиву қаҳрамонии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ саҳифаи дурахшони таърихи моро ташкил медиҳад. Маҳз ин ҷоннисориву фидокориҳои онҳо буд, ки тамоми халқҳои давлати шӯравӣ аз чанголи фашистони хунхор раҳоӣ ёфтанд.

Қудрату тавоноии артиши шӯравӣ аз матонату садоқати афсаронаш ибтидо мегирифт. Аз шуҷоати сарбозонаш, ки розӣ буданд баҳри ҳифзи халқу Ватан ҷони худро нисор кунанд. Ба ин гуфта, қаҳрамониҳои сарбозони тоҷик, ки худро ба болои мили танки душман партофтаанд, гувоҳ шуда метавонад.

Ман на онам, ки рӯзи ҷанг бини пушти ман,

Он манам к-андар миёни хоку хун бинӣ саре!

Ин ҷанги хонумонсӯз, ки ҷони ҳазорҳо ҳамватанони моро рабуд, чунон ба рӯҳияи мардум таъсир расонида буд, ки ҳама - пиру ҷавон, хурду калон ва ҳатто занон тайёр буданд ба ҷанг раванд.

Халқи меҳнаткаш бошад баҳри таъмини озуқаворӣ ва сару либоси сарбозон талош меварзид. Баҳри ба даст овардани ғалаба на танҳо дар фронт, балки дар ҷабҳаи меҳнат низ мардум талош меварзиданд.

Дар баробари мардон занон низ дар мардонавор бо душман меҷангиданд ва қаҳрамонии занони далери тоҷик дар хати фронт шоистаи ифтихор ва таҳсин аст.

Ҳамаи ин фидокориву ҷоннисориҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ то имрӯз дар хотираи мардум нақш бастааст ва мардум бо некӣ аз онҳо ва аз қаҳрамониҳои онҳо, ки баҳри халқу Ватан кардаанд, ёд мекунанд. Корнамоиҳояшон аз тарафи давлат қадрдонӣ карда шуда, ба онҳо унвонҳои сазовор дода шудааст. Кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту боғҳо, мактабу муассисаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба номи ин қаҳрамонон гузошта шудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонии Асосгӯзори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пос медорад ва онҳоеро, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд мавриди дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хоса қарор додааст.

Ёди неки ин мардони шуҷоъ дар хотираҳои ҳар як хурду калони Тоҷикистон абадӣ аст. Ҷоннисориҳои ин далерон намунаи ватандӯстӣ ва қудрати мардонагӣ барои ҷавонмардон аст.

Бо таманнои нек ба фардои дурахшони Ватани маҳбуб Иди Ғалабаро ба кулли ҳамватанон табрику таҳният гуфта, ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, пеш аз ҳама саломатӣ, иқболи нек, умри бардавом ва ба халқи Тоҷикистон хонаи обод ва фазои орому осуда таманно дорем.

Ид муборак, ҳамватанони азиз!

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ