Баргузории мулоқоти судманд оид ба таҳлили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия бо кормандон, устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ
Дар ҳошияи 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади боз ҳам тақвият додани маърифати ҳуқуқӣ-зиддикоррупсионии кормандони соҳаи маориф, санаҳои 20-ум ва 21-уми ноябри соли 2024 вохӯрии навбатии намояндагони Агентӣ бо кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар мавзӯи «Қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия» ташкил ва баргузор карда шуд.
Зимни мулоқот таъкид карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар марҳилаҳои аввалини соҳибихтёрии хеш дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар мушкилотҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба масъалаи муқовимат ба коррупсия аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, мубориза бо ин падидаи номатлубро аз самтҳои афзалиятноки фаъолият қарор додааст.
Дар ин замина, омӯзиши қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ва иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба ҳар як фарди ҷомеа аз ҷумла кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ имкон фароҳам меорад, ки дар рӯҳияи риояи қонунҳо амал намуда, аз содир намудани ҳамагуна ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ худдорӣ намоянд.
Вохӯрӣ дар сатҳи баланд сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.
Маркази матбуоти Агентӣ