Баргузории вохӯрӣ дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, №668 Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» санаи 18 октябри соли 2024 бо кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом дод.
Қайд гардид, ки Ҳукумати кишвар ба масоили баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои давлатӣ диққати хоса зоҳир намуда, гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдии хизматрасониҳо ва муомилаю муносибати хуб бо шаҳрвандонро яке аз роҳҳои пешгирии коррупсия меҳисобад.
Аз иштирокчиёни ҷамъомад даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамчун кормандони яке аз субъектҳои муборизабаранда бо коррупсия баҳри паст кардани шиддати коррупсия дар ҷомеа саъю талош намуда, дар рушду пешрафт ва ободони кишвари азизамон саҳмгузор бошанд.
Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои ошкоро ва суҳбати озод сурат гирифта, байни иштирокчиён вобаста ба мавзуҳои мухталиф мубодилаи афкор сурат гирифт.
Маркази матбуоти Агентӣ.