Вохӯрӣ бо роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе
Дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 марти соли 2021 санаи 19 апрели соли 2021 вохӯрии директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Султонзода Сулаймон Саид бо роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Душанбе ҷаноби Валериу Кивер баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ доираи васеи ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар самти муқовимат ба коррупсия муколамаи судманд доир намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба рушди бемайлони робитаҳои судманд изҳори умедворӣ карда шуд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.
Маркази матбуоти Агентӣ










