Ошкори ҳолати азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ дар филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Истаравшан

Ҳомидов Б.Б. дар мансаби мудири анбори филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Истаравшан кор карда истода, зимни фаъолияти кориаш бо истифода аз ваколати мансабдорӣ дар ҳолати зерин даст ба ҷинояти азонихудкунӣ ва исрофкорӣ задааст.

 

Чунончи, ӯ ҳамчун шахси масъулияти моддидошта ба ҳисоби худ дар анбори ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Истаравшан молу маҳсулот ва таҷҳизотҳои барқии арзишнокро ба маблағи умумии 1.265.163 сомонӣ расман қабул намуда, минбаъд бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт ин молу маҳсулотҳоро, ки ба ӯ бовар карда супорида шудааст ва дар ихтиёраш қарор дошт, бо роҳи азонихудкунӣ пурра тасарруф намуда, бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат ба маблағи 1.265.163 сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расонид.

 

Оиди ҳолати мазкур нисбати Ҳомидов Б.Б. бо моддаи 245 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Ошкор шудани ҳолати қаллобӣ барои дохил намудан ба муассисаи таҳсилоти олӣ

Шаҳрванд Ашуров З.Т. бо мақсади ба таври қонунӣ дохил кардани писараш ба факултаи тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба шиносаш Анваров Ҷ.И. - мудири шуъбаи дуюми Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шифобахш”” муроҷиат намуд.

 

Анваров Ҷ.И. ҳолати мазкурро барои бо роҳи фиреб тасарруф намудани молу мулки ғайр мусоид шуморида, дидаю дониста аз он, ки ӯ вобаста ба мавқеи мансабиаш ваколати дохил кардани довталабро ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон надорад, бо истифодаи мақоми хизматӣ ва бо роҳи фиреб ба боварии Ашуров З.Т. даромада, аз номбурда барои иҷрои амали болозикр маблағи 5000 доллари ИМА ва 19000 сомониро талаб кард.

 

Дар навбати худ Ашуров З.Т. бехабар аз нияти ҷинояткоронаи Анваров Ҷ.И. ба гуфтаҳои охирон боварӣ карда, ба номбурда маблағи 5000 доллари ИМА ва 19000 сомониро дод, ки дар натиҷа Анваров Ҷ.И. баъди гирифтани маблағи зикршуда ба манфиати Ашуров З.Т. ягон амали муайянро иҷро накарда, онро тасарруф намуд.

 

Вобаст ба ин ҳолат нисбати Анваров Ҷ.И. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, парвандаи ҷиноятӣ баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Азони худкунии маблағҳои буҷетӣ ба миқдори махсусан калон аз тарафи масъулини “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент”

Эргашев Б.С. дар вазифаи сардори гурӯҳи хизматрасонии қитъаи Панҷакенти “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент” кор карда истода, бо истифодаи ваколати мансабдорӣ ва дар асоси маслиҳати пешакӣ бо роҳбари ҳамин корхона Бобоев Б.Қ. ва дигар шахсони масъул дар ҳолатҳои зерин ҷиноятҳои азонихудкунӣ ва сохтакории хизматиро содир намудаанд.

 

Чунончи, Эргашев Б.С. дар давраи фаъолияти кориаш ҳамчун шахси масъулияти моддидошта ба ҳисоби худ дар анбори гурӯҳи хизматрасонии қитъаи Панҷакент молу маҳсулоти арзишдорро расман қабул намуда, бо мақсади ғаразнок қисми онро мувофиқи мақсад истифода ва васлу насб накарда, дар давоми соли 2023 тибқи маслиҳати пешакӣ бо роҳбари худ Бобоев Б.Қ. ва дигар шахсони масъул таҷҳизотҳои барқӣ ва молу маҳсулоти арзишдори ба ӯ бовар карда супурдашуда ва дар ихтиёраш қарордоштаро ба маблағи умумии 2.136.613,31 сомонӣ бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосиботӣ тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиашон сарф намуданд, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расониданд.

 

Оид ба ҳолатҳои мазкур нисбати Бобоев Б.Қ., Эргашев Б.С. ва дигар шахсони масъули “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент” бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, маблағи зарари ошкоргардида бо пуррагӣ барқарор карда шуда, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии мазкур идома дорад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Баргузории нишасти матбуотӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар асоси Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилот, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти соли 2023, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, 16 феврали соли 2024 дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

 

Дар нишасти мазкур мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Холиқзода Ҷонибек, роҳбарият ва сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Агентӣ, инчунин сардорони воҳидҳои маҳаллию минтақавии мақомот ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

 

Нахуст чорабиниро директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Сулаймон Саид ҳусни оғоз бахшида, оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар давраи соли 2023 ба хабарнигорон маълумот пешниҳод намуданд.

 

Қайд карда шуд, ки дар соли 2023 кормандони Агентӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ 1157 вохӯрӣ гузаронида, дар ин раванд тавассути воситаҳои ахбори омма 84 маротиба баромад карда, 5 конфронс, 6 нишасти матбуотӣ ва 84 мизи мудаввару семинарҳо барпо карданд.

 

Зимнан иброз гардид, ки аз натиҷаи санҷишҳо, таҳқиқ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ҷиҳати бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда унвонии вазорату идораҳо 2864 пешниҳод ва 1377 дастури хаттӣ ирсол гардида, бо баррасии онҳо нисбати 1301 нафар ҷазоҳои интизомӣ татбиқ карда шуда, 266 нафар аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шудаанд.

Сипас аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма ба роҳбарияти Агентӣ як қатор саволҳо пешниҳод гардида, ба онҳо ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда дода шуд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор

Абдураҳимзода Т. дар вазифаи муфаттиши калони шуъбаи тафтишотии ШВКД дар шаҳри Хуҷанд кор карда истода, ҳамчун шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, дар ҳолати зерин ҷинояти гирифтани пораро содир намуд.

 

Чунончи, Абдураҳимзода Т. дар давраи фаъолияти кории худ парвандаи ҷиноятӣ оиди ҳолати сохтакории ҳуҷҷатҳоро ба пешбурди худ қабул намуда, бо гузаронидани амалҳои зарури тафтишотӣ ҳолати гунаҳгории шаҳрванд Охматов А.А.-ро дар содир намудани ҷинояти болозикр муайян намуд. Сипас номбурда бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, барои иҷрои амали ғайриқонунӣ, яъне ҷиҳати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб накардани охирин аз падари номбурда Охматов А.Н. тавассути Охунов Ҳ.А. ба сифати пора маблағи 6000 доллари ИМА талаб кард.

 

Санаи 27 январи соли 2024 зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ муфаттиши калони шуъбаи тафтишотии ШВКД дар шаҳри Хуҷанд баъди аз шаҳрванд Охунов Ҳ.А. гирифтани маблағи 6000 доллари ИМА ба сифати пора дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров дастгир карда шуда, маблағи 6000 доллари ИМА аз ӯ ёфта гирифта шуд.

 

Оиди ҳолати мазкур нисбати Абдураҳимзода Т. бо аломатҳои таркиби ҷинояти дар моддаи 319 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оѓоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Иштироки ғайриқонунии шахси мансабдор дар фаъолияти соҳибкорӣ ва тасарруфи маблағҳои буҷетӣ ба миқдори махсусан калон

Истамзода Ашраф Истам аз 04 июли соли 2016 то 20 феврали соли 2023 дар вазифаи сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент кор ва фаъолият намуда, ҳамчун шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, дар давраи фаъолияти кориаш идоракунӣ ва роҳбарии ҶДММ “Нисо-А”-и шаҳри Панҷакентро амалӣ намуда, бо фароҳам овардани бартарӣ ба ин ҷамъият дар ҳолатҳои зерин даст ба содир намудани ҷиноятҳои қасдона зад.

 

Чунончи, номбурда қасди ба даст овардани фоидаи муфтро бо роҳи азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ назди худ пеша намуда, бархилофи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, бевосита дар идоракунӣ ва роҳбарии ҶДММ “Нисо-А” ғайриқонунӣ иштирок варзида, бо истифода аз мақоми хизматиаш ҳамчун сардори шуъбаи ҲМЗ шаҳри Панҷакент барои ба имзо расонидани қарордодҳои давлатӣ байни мақомоти давлатии шаҳри Панҷакент ва ҶДММ “Нисо-А” шароит фароҳам овард.

 

Дар ин замина, давоми моҳҳои сентябр-декабри соли 2022 тибқи мусоидат ва пуштибонии бевоситаи Истамзода А.И. ҷамъияти болозикр дар 9 ҳолат зимни иҷроиши талаботҳои қарордодҳои давлатӣ бо ниҳодҳои дахлдори шаҳри Панҷакент ҷиҳати иҷрои корҳои сохтмонӣ ва таъмини молу маҳсулот даст ба азонихудкунии маблағҳои давлатӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо зада, бо ин роҳ дар маҷмӯъ 1.247.689 сомонии аз ҳисоби маблағҳои буҷет ҷудошударо тасарруф карда, ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намуд.

 

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Истамзода А.И. ва дигарон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б”, 318, 323 ва 340 қисми 2 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, бо гузаронидани амалҳои зарурии мурофиавӣ парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардидааст.  

 

Маркази матбуоти Агентӣ!

Чоп намудан E-mail

Саркашӣ аз супоридани андозҳои давлатӣ ба миқдори махсусан калон

Саттаров А.У. дар вазифаи директори ҶДММ «Сипар Ком» ва Муминов Ҳ.Б. дар вазифаи сармуҳосиби ҳамин ҷамъият кору фаъолият карда, дар давраи фаъолияти кориашон бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт дар ҳолати зерин даст ба содир намудани ҷинояти саркашӣ аз супоридани андозҳо аз шахсони ҳуқуқӣ заданд.

 

Чунончи, номбурдагон аз 01 апрели соли 2021 то 01 сентябри соли 2023 бар хилофи талаботҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, бо мақсади саркашӣ намудан аз пардохти андозҳо, манбаи андозбандишавандаро пинҳон намуда, дар ин замина бо роҳи пешниҳод кардани делоратсияҳои носаҳеҳ ба Нозироти андози ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе ҷамъ ба маблағи 8 877 911 сомонӣ ва бо назардошти ҷаримаву фоизҳо маблағи 13 389 927 сомонӣ аз пардохти андозҳои давлатӣ саркашӣ намудаанд, ки дар натиҷа бо ин кирдорҳои қасдонаашон ба давлат зарари моддӣ ба миқдори махсусан калон расониданд.

 

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Сатторов А.У. ва Муминов Ҳ.Б. бо дастрасии моддаи 292 қисми 2 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

 

Чоп намудан E-mail

Шарҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

19 январи соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати васеи кормандон чорабинӣ бахшида ба шарҳи нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

Чорабиниро директори Агентӣ Султонзода Сулаймон Саид ифтитоҳ карда, иброз намуданд, ки Паёми Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳнамои самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар барои давраҳои оянда ба ҳисоб рафта, ҳамчун падидаи муҳимму умдаи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди мамлакат, воқеан нуфузу эътибори хосаро касб намудааст.

 

Зеро дар Паём дастуру супоришҳои мушаххасу зарурӣ барои фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба аҳолии кишвар, таъмини адолати иҷтимои, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамзамон рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар дода мешавад, ки дар натиҷаи амалигардонии онҳо дар ҳаёти давлатӣ - ҳуқуқӣ ва тамоми бахшҳои хоҷагии мамлакат дигаргуниҳои куллан ҷадид ва чашмрас ба амал омада, онҳо дар ҳамбастагӣ боиси афзудан ва боло рафтани шароити иҷтимоию иқтисодии ҳар як шахс ва дар маҷмӯъ халқи Тоҷикистон мегарданд.

 

Зимнан директори Агентӣ қайд намуданд, ки Паёми Пешвои миллат дар ҳақиқат дар самти пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеаи Тоҷикистони азизамон ҳуҷҷати тақдирсоз маҳсуб меёбад ва ҳамаи мо бояд аз фазои осудаи кишвар, ваҳдати саросарии миллӣ, ифтихор аздавлату давлатдорӣ шукргузорӣ намуда, барои пешрафти ҷомеа ва фароҳам овардани дастовардҳои нав беғаразона фаъолият намуда, ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳое, ки аз Паём бармеояд, саҳмгузор бошем.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ