Қаллобӣ барои тайёр кардани шаҳодатномаи бақайдгирии манзили истиқоматӣ

 

Ҳотамов Шавкатҷон Гулмирзоевич дар вазифаи мутахассиси шуъбаи заминсозии №1 КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Рӯдакӣ кор карда, даст ба ҷинояти қаллобӣ задааст.

Чунончӣ, дар давраи фаъолиятӣ кориаш аз шаҳрванд А. ҷиҳати омода кардани шиносномаи техникӣ  ва шаҳодатномаи бақайдгирии манзили истиқоматии шаҳрванд Б. 5300 сомонӣ  талаб намуда, баъди омода гардидани шиноснома номабурда аз шаҳрванд “А” 1300 сомонӣ гирифта, ба ӯ ҳарчи тезтар овардани боқимонда маблағи 4000 сомониро талаб намуд. 

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Бо роҳи сунъӣ баланд бардоштани нархи чиптаи ҳавопаймо

 

Маҷидов Шаҳзод Давлатович дар вазифаи нозири муоинаи хадамоти амнияти авиатсионии ҶСК “Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе” фаъолият намуда, бо сӯиистифода аз мансаб ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт нархи чиптаҳои ҳавопаймои самти Душанбе Москваро бо роҳи сунъӣ то маблағи 12500 сомонӣ муайян карда, гарчанде нархи аслии чиптаи мазкур 8550 сомониро ташкил медод, аз шаҳрванд “А” маблағи иловагии 2000 сомониро ҳамчун пешпардохт гирифта, овардани боқимонда маблағи 10500 сомониро талаб кард.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Суханронии директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлоси махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид

 

Аз 2 то 4 июни соли 2021 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка иҷлоси махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид тариқи маҷозӣ (онлайн) баргузор гардид, ки дар он директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Султонзода Сулаймон Саид дар атрофи сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва дастовардҳо дар ин самт суханронӣ намуданд.

Ибрози андеша карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини иҷрои талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ фаъолона ширкат намуда, дар ин замина ба дастовардҳои намунавӣ ноил гардидааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Иштирок ва суханронии муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якуми Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи волоияти ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ

 

Рӯзи 4 июни соли 2021 ҷаласаи якуми Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи волоияти ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ бо иштироки зиёда аз 100 намояндагони давлатҳои Осиё, Шӯрои Аврупо ва коршиносони Барнома тариқи маҷозӣ (онлайн) баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, дар атрофи мавзӯи «Мусоидат дар шаффофияти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ» суханронӣ намуданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Сохтакорӣ барои анҷоми парвоз ба хориҷи кишвар

Минбоева Саодат Иззатовна ба фурўши чиптаҳои ҳавопаймо машғул шуда, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр ҷиноятӣ қаллобиро содир намуд.

Чунончӣ, номбурда шаҳрванд “Н” –ро бовар мекунонад, ки бо дастрас намудани даъватнома барои табобат ворид шудани ӯ ва ҳамроҳонашро ба ҳудуди Федератсияи Россия таъмин менамояд ва бар ивази ҳар як даъватнома маблағи 4000 сомонӣ муайян намуд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Баимзорасонии Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари миллии ҳисоби Ҷумҳурии Исломии Покистон

 

Рӯзи 2 июни соли 2021 дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон аз ҷониби директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Султонзода Сулаймон Саид ва директори генералии Дафтари миллии ҳисоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Зоҳир Шоҳ  “Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари миллии ҳисоби Ҷумҳурии Исломии Покистон” ба имзо расонида шуд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Қаллобии корманди шабакаҳои барқӣ

 

Раҷабов Алиакбар Ҳукматуллоевич дар вазифаи сарнозири Шабакаҳои барқии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кор карда, ба боварии шаҳрванд “А” даромада, барои қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ, ки нисбати охирин дар Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, маблағи 20000 доллари ИМА талаб намуда, аз маблағҳои талабнамудааш 10500 доллари ИМА ва 2700 сомониро гирифта тасарруф намуда, ба манфиати номбурда ягон амалӣ муайянро иҷро накардааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Ғайриқонунӣ додани замин

 

Носирзода Х.М. дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ кор карда истода, бо маслиҳати пешакӣ бо муҳандис-заминсози ҳамин ҷамоат Шомаҳмадов Р.Д. бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо 0,10 га. қитъаи замини ба гурӯҳи заминҳои таъиноти кишоварзӣ мансуббударо, воқеъ дар суроғаи ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти Қуштеппа, ба шаҳрванд Сангов Ф.Қ. ғайриқонунӣ доданд.

Дар ин хусус нисбати Носирзода Х.М. ва Шомахмадов Р.Д. бо моддаҳои 338 иловаи 1 қисми 2 бандҳои “б,в” ва 340 қисми 2 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.

 

        Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Мақолаҳои бештар...


Ҷустуҷӯ