Қаллобӣ бо истифодаи мақоми хизматӣ

 

112cec975f61419ebf207b2ff4510681Икромов Зафар Музафарович дар вазифаи ваколатдори калони гурӯҳи махсуси Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оиди гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш даст ба ҷинояти қаллобӣ задааст.

Чунончи, номбурда директори Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Восеъ Шарипов Қ.И.-ро дар содир намудани ҷиноятӣ гирифтани пора гумонбар дониста, дар давраи аз охирҳои моҳи декабри соли 2019 то моҳи июли соли 2020 дар якчанд ҳолат аз аз ӯ 56 000 сомонӣ талаб намуда, аз маблағҳои талабнамудааш дар маҷмӯъ маблағи  51 000 сомониро гирифта, тасарруф намудааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Гирифтани пора барои тайёр кардани шаҳодатномаи ронандагӣ

 

Муродализода Мирали Муродали дар вазифаи муовини сардори Шуъбаи бақайдгирии имтиҳонотии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, барои омода намудани шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи “В” аз шаҳрванд “А” 3800 сомонӣ талаб намуд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ номбурда баъди ба воситаи бозрас оиди омодагии ҳарбӣ ва касбии шуъбачаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Юнусов Усмоналӣ Ҳусанович ба сифати пора гирифтани маблағ боздошт гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Воридоти маводҳои доруворӣ бо роҳи қочоқ

 

Шаҳрванд Яқубов Бахтовар Валиҷонович қаблан барои содир намудани ҷинояти қасдонаи моддаи 289 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуда, аз ин хулосаи зарурӣ набароварда, дидаю дониста бо мақсади ба даст овардани фоида, даст ба содир намудани ҷинояти қасдона задааст. 

Чунончӣ, номбурда бо мақсади ба даст овардани фоида, тавассути автомашинаи шахсии худ тамғаи «Toyota Fielder», рақами қайди давлатиаш 1776 RX 01 тариқи қочоқ 34 номгӯи маводҳои дорувориро, ки мутобиқи хулосаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба пайдоиш, ворид (рухсатномаи якдаъфаина) ва тасдиқкунандаи ширкатҳои истеҳсолкунандро надорад, ба шаҳри Душанбе  интиқол додааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Қаллобӣ бо истифодаи мақоми хизматӣ

 

Одинаев Парвиз Додарбегович дар вазифаи нозири калони нозироти корҳои ислоҳии Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаъолият карда, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ бо истифодаи мақоми хизматӣ ба содир намудани ҷинояти қаллобӣ даст зад.

Номбурда барои чораандешӣ накардан нисбати маҳкумшуда “А”, ки истеҳсолоти парвандаи назоратиаш ба зиммаи ӯ вогузор гардида, муҳлати иҷрои он ҳанӯз моҳи майи соли 2020 гузаштааст, моҳи декабри соли 2020 хешованди маҳкумшуда шаҳрванд “Б”-ро ба утоқии кориаш даъват намуда, маблағи 5000 сомонӣ талаб намудааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Иштирок ва суханронии директори Агентӣ дар ҷаласаи IV роҳбарони ташкилоти зидди коррупсия ва омбудсменҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ОЭС) дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон

 

Дар асоси розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Сулаймон Саид рӯзҳои 16-17 июни соли 2021 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҷаласаи чоруми роҳбарони ташкилоти зидди коррупсия ва омбудсменҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ОЭС) иштирок ва дар атрофи сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт суханронӣ намуданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Қаллобӣ барои тайёр кардани шаҳодатномаи бақайдгирии манзили истиқоматӣ

 

Ҳотамов Шавкатҷон Гулмирзоевич дар вазифаи мутахассиси шуъбаи заминсозии №1 КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Рӯдакӣ кор карда, даст ба ҷинояти қаллобӣ задааст.

Чунончӣ, дар давраи фаъолиятӣ кориаш аз шаҳрванд А. ҷиҳати омода кардани шиносномаи техникӣ  ва шаҳодатномаи бақайдгирии манзили истиқоматии шаҳрванд Б. 5300 сомонӣ  талаб намуда, баъди омода гардидани шиноснома номабурда аз шаҳрванд “А” 1300 сомонӣ гирифта, ба ӯ ҳарчи тезтар овардани боқимонда маблағи 4000 сомониро талаб намуд. 

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Бо роҳи сунъӣ баланд бардоштани нархи чиптаи ҳавопаймо

 

Маҷидов Шаҳзод Давлатович дар вазифаи нозири муоинаи хадамоти амнияти авиатсионии ҶСК “Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе” фаъолият намуда, бо сӯиистифода аз мансаб ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт нархи чиптаҳои ҳавопаймои самти Душанбе Москваро бо роҳи сунъӣ то маблағи 12500 сомонӣ муайян карда, гарчанде нархи аслии чиптаи мазкур 8550 сомониро ташкил медод, аз шаҳрванд “А” маблағи иловагии 2000 сомониро ҳамчун пешпардохт гирифта, овардани боқимонда маблағи 10500 сомониро талаб кард.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Суханронии директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлоси махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид

 

Аз 2 то 4 июни соли 2021 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка иҷлоси махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид тариқи маҷозӣ (онлайн) баргузор гардид, ки дар он директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Султонзода Сулаймон Саид дар атрофи сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва дастовардҳо дар ин самт суханронӣ намуданд.

Ибрози андеша карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини иҷрои талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ фаъолона ширкат намуда, дар ин замина ба дастовардҳои намунавӣ ноил гардидааст.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ