Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия»

10 январи соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи бинои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати васеи кормандон бахшида ба таҷлили «Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

 

Ҷаласаро директори Агентӣ - Султонзода Сулаймон Саид ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо «Иди касбӣ» табрику муборакбод намуда, ба ҳамагон дар ин рӯзи саодатманд тансиҳативу рўзгори обод, файзу баракат ва бурдборӣ дар фаъолияти пурмасъулияти хизматиро таманно доштанд.

 

Боиси сарфарозист, ки Агентӣ воқеан дар муддати начандон тулонӣ дар ҷодаи пешгирӣ ва ошкору бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, сабабу шароитҳои барои содир намудани онҳо мусоидаткунанда, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, мустаҳкам намудани пояҳои иқтисодии мамлакат, ки маҷмўан бо анҷом додани фаъолияти пурсамар дар самти татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати кишвар дар низоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ нуфузу эътибори хосаи худро дорад, ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштааст.

 

Мақомот дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати мамлакат ҳамчун субъекти асосии муборизабаранда нақши калидию ҳалкунанда ва ҳамоҳангсозандаро дошта, ҷиҳати амалӣ намудани он дорои тамоми ваколатҳои бо қонун пешбинишудаи зарурӣ мебошад. 

 

Нишондиҳандаҳои фаъолияти Агентӣ, ки ҳамасола мавриди таҳлилу ҷамъбаст қарор дода мешаванд, собит менамоянд, ки ин ниҳод аз ўҳдаи иҷрои вазифаву масъулияти бар зиммааш вогузоргардида бо сарбаландӣ баромада, дар таъмини амалишавии сиёсати зиддикоррупсонии кишвар ва мустаҳкам намудани пояҳои иқтисодии мамлакат нақши созгор дорад.

 

Таърихи таъсис ва ташаккулёбии мақомоти Агентӣ нишон медиҳад, ки ҷиҳати фаъолияти самараноки ин мақомоти ҷавон, мустаҳкам намудани пояҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва таъминотии он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ғамхориҳои зиёд зоҳир карда мешавад.

 

Ҳамзамон ба ҳозирин нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамчун як ҳуҷҷати тақдирсозу стратегии ҳадафманд ва санади муҳимтарини ҳар як сол маҳсуб меёбад, бори дигар ҷиҳати таъмини иҷрои самараноки дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат баён гардид.

 

Дар идомаи чорабинӣ мутахассисони ҷавоне, ки ба хизмат дар мақомоти Агентӣ қабул гардиданд, барои адои хизмати содиқона  ба халқу Ватан тантанавор савганд ёд карданд.

 

Ҳамзамон бо назардошти натиҷаҳои назарраси корӣ ва намунавор иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ як қатор кормандон бо рутбаҳои махсуси навбатӣ ва тахассусӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ