Баргузории конфронси илмӣ - амалӣ
Санаи 19 ноябри соли 2019 бо ибтикори кормандони шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омӯзгории ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Конибодом конфронси илмӣ - амалӣ дар мавзӯӣ «Мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъист» баргузор гардид.
Дар кори конфронс ҳайати васеи кормадони Коллеҷи болозикр, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаи касбии шаҳр иштирок намуданд.
Тибқи барномаи тасдиқгардида иштирокчиён дар мавзуҳои «Роҳҳои пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ», «Раванди муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Мубориза бо коррупсия - масъулияти мост» ва «Пешгирии коррупсия - омили рушди ҷомеа» суханронӣ намуданд.
Бо назардошти маърӯзаҳои пешниҳодгардида ҷанбаҳои мухталифи ин падидаи нангин аз ҷониби иштирокдорон мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Маркази матбуоти Агентӣ.
Баргузории конфронси илмӣ - амалӣ