Қаллобӣ барои тайёр кардани шаҳодатномаи бақайдгирии манзили истиқоматӣ

 

Ҳотамов Шавкатҷон Гулмирзоевич дар вазифаи мутахассиси шуъбаи заминсозии №1 КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Рӯдакӣ кор карда, даст ба ҷинояти қаллобӣ задааст.

Чунончӣ, дар давраи фаъолиятӣ кориаш аз шаҳрванд А. ҷиҳати омода кардани шиносномаи техникӣ  ва шаҳодатномаи бақайдгирии манзили истиқоматии шаҳрванд Б. 5300 сомонӣ  талаб намуда, баъди омода гардидани шиноснома номабурда аз шаҳрванд “А” 1300 сомонӣ гирифта, ба ӯ ҳарчи тезтар овардани боқимонда маблағи 4000 сомониро талаб намуд. 

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ- тафтишотӣ Ҳотамов Ш.Г. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 4000 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.

Оиди ҳолати мазкур нисбати Ҳотамов Ш.Г. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.

 

          Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан