Иштирок ва суханронӣ дар Саммити Гурӯҳи 77 ва Чин дар ҳошияи Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP 28)

Иштирок ва суханронӣ дар Саммити Гурӯҳи 77 ва Чин дар ҳошияи Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP 28) 02.12.2023

2 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубай дар ҳошияи Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP 28) дар Саммити Гурӯҳи 77 ва Чин иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки имрӯз тағйирёбии иқлим дар робита ба истифодаи захираҳои табиӣ ва таъмини фаъолияти бемайлони соҳаҳои мухталифи ҳаёти инсон аз мо муносибати дастаҷамъона ва мукаммалро тақозо менамояд.

Ба таъкиди Сарвари давлат офатҳои табиӣ ҳамасола ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба маблағи садҳо миллион доллар зарар расонида, дар бисёр мавридҳо талафоти ҷониро низ ба бор меоранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо, коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо гардида, ба бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ, аз қабили энергетика, кишоварзӣ ва саноат таъсири манфӣ мерасонад.

Идомаи эҳтимолии раванди обшавии босуръати пиряхҳо, ба гуфтаи Пешвои миллат, метавонад дар оянда ба ҳаҷми захираҳои оби минтақа таъсири ҷиддии манфӣ ворид намояд.

Дар ин зимн зикр карда шуд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Тоҷикистон эълон гардидани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” барои рушди ҳамкориҳои тарафҳои манфиатдор дар ин самт заминаи муносиб фароҳам хоҳад овард.

Сарвари давлат бо истифода аз фурсат ба ҳамаи кишварҳои Гурӯҳи 77 ва Чин барои мунтазам дастгирӣ намудани ин ва дигар иқдомҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об миннатдорӣ баён намуданд.

Тоҷикистон бар асоси ӯҳдадориҳои байналмилалии худ ва бар пояи муқаррароти Созишномаи Париж Стратегияи миллии худро оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим то соли 2030 таҳия намудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки айни замон яке аз роҳҳои ноилшавӣ ба ҳадафҳои Созишномаи Париж, ташаккули “иқтисоди сабз” ва истифодаи босамар аз захираҳои энергияи таҷдидшаванда ба ҳисоб меравад.

Мусаллам аст, ки яке аз роҳҳои ҳалли муваффақи мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим рушди “иқтисоди сабз” мебошад, ки дар навбати худ зарурати рушди “энергияи сабз”-ро ба миён меорад.

Тоҷикистон, ки аз рӯйи нишондиҳандаи фоизии истеҳсоли “неруи сабз” дар ҷаҳон ҷойи 6-умро мегирад, аз рӯйи ҳиссаи ночизи худ дар ҳаҷми партовҳои гулхонаӣ низ дар мақоми мусбат қарор дорад.

Чуноне, ки Пешвои миллат қайд намуданд, кишвари мо ба мақсади дастрасӣ ба ҳадафҳои “иқтисоди сабз” Стратегияи рушди ин соҳаро барои солҳои 2023-2037 таҳия намуда, мавриди татбиқ қарор додааст. Ин санад истифодаи самараноки обу замин, маъданҳои табиӣ, ҷалби сармоя, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалиро дар ин самт дар назар дорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзоиши истеҳсоли “энергияи сабз”-ро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Тоҷикистон ва соҳаҳои ояндадори он, бо назардошти хусусиятҳои ҷуғрофӣ, захираҳои табиӣ ва дигар имкониятҳои мавҷуда, номбар намуданд.

 Иқтидори Тоҷикистон дар самти истеҳсоли энергия аз манбаъҳои барқароршаванда хеле васеъ мебошад.

Барои Тоҷикистон, ба мисли дигар кишварҳои рӯ ба тараққӣ, татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти пешбурди “иқтисоди сабз” танҳо бо маблағҳои буҷетӣ мушкил аст.

Бо дарназардошти чунин ҳолат ҷалби сармояи хориҷӣ ва саҳми кишварҳои пешрафта дар самти рушд ва таҳкими иқтидори кишвар дар ин ҷода зарур шумурда шуд.

Аз давлатҳои пешрафта, сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва ниҳодҳои бонуфузи молиявӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар ҳалли масъалаҳои муҳимми мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва паст кардани шиддати он ҳамкории худро минбаъд ҳам идома диҳанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар шароити имрӯзаи глобалӣ ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда дар самти кам кардани оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим аз ҳамаи мо талошҳои ҳарчи бештари дастаҷамъона, андешидани тадбирҳои фаврӣ ва дарозмуҳлатро тақозо менамояд.

Таъкид карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ барои дастрасӣ ба ҳадафҳои ҳамоҳангшудаи ҷомеаи байналмилалӣ дар ростои тағйир ёфтани иқлим, бо назардошти имкониятҳои молиявию иқтисодии худ ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ, саҳми худро хоҳад гузошт.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ