Баргузории чорабиниҳои маърифатӣ-иттилоотии зиддикоррупсионӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ

Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентӣ ҷиҳати таъмини иҷрои банди 4 Нақшаи баргузории чорабиниҳои маърифатӣ-иттилоотии зиддикоррупсионии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24 ноябри соли 2023 дар толори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Агентӣ, муовини якуми вазири тандурустӣ Муҳсинзода Ғафур Муҳсин, роҳбарият ва сармуҳосибони муассисаҳои тандурустӣ семинари омӯзишӣ доир карда шуд.

 

Зимни баргузории семинари омӯзишӣ ба иштирокчиён дар мавзӯи “Чораҳои пешгирии коррупсия дар соҳаи тандурустӣ”, “Баъзе масоилҳо аз таърихи пайдоиши коррупсия ва заминаҳои ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Сабаб ва шароитҳои содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ” шарҳу тавзеҳ дода шуда, аз роҳбарияти вазорат даъват ба амал оварда шуд, ки фаъолиятро баҳри пешгирии содиршавии омилҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандон тақвият бахшида, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ ва тарбияи онҳо дар руҳияи тоқатнопазирӣ ба коррупсия чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ