Иштирок ва суханронии директори Агентӣ дар ҷаласаи IV роҳбарони ташкилоти зидди коррупсия ва омбудсменҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ОЭС) дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон

 

Дар асоси розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Сулаймон Саид рӯзҳои 16-17 июни соли 2021 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҷаласаи чоруми роҳбарони ташкилоти зидди коррупсия ва омбудсменҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ОЭС) иштирок ва дар атрофи сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт суханронӣ намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки рӯзҳои 10-11 июни соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Мирзиёев Шавкат Мирамонович бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, дар доираи ин сафар байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ёддошти тафоҳум ва бо Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекситон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Дар ин замина дар чаҳорчубаи ҷаласаи болозикр вохӯриҳои дуҷонибаи директори Агентӣ бо роҳбарияти Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.

Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми якдигар сурат гирифта, умед аст, ки натиҷаҳои он ба рушди ҳамкориҳои байналмилалии Агентӣ муосидат менамоянд. 

 

          Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан