Азонихудкунӣ ва сохтакории кормандони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
Боқиева Зарина Ҷамахоновна, дар вазифаи муовини сардори Раёсат-сардори шуъбаи таъиноти нафақаи Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кору фаъолият намуда, дар давоми фаъолияти кориаш дурустии солҳои 2016-2018 ва 4 моҳи аввали соли 2019 бо роҳи сохтакорона тартиб додани ҳуҷҷатҳои нафақавӣ бо истифода аз 49 ному насаб ва 21 рақами аснодҳои нафақавӣ ба воситаи 11 адад корти бонкии нафақавӣ дар маҷмӯъ ба маблағи умумии 1.000. 422,84 (як миллиону чорсаду бисту се) сомонӣ маблағҳои буҷетиро тасарруф намудааст.Оиди ҳолати мазкур нисбати Боқиева Зарина Ҷамахоновна ва дигарон бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б», 323 ва 340 қисми 2 бандҳои «а» ва «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, маблаги 1 000 422,84(як миллиону чорсаду бисту се) сомонии тасарруф гардида, ба пуррагӣ ба буҷа барқарор карда шуда, тафтишоти пешакӣ дар ин самт идома дорад.










