Воридоти маводҳои доруворӣ бо роҳи қочоқ

 

Шаҳрванд Яқубов Бахтовар Валиҷонович қаблан барои содир намудани ҷинояти қасдонаи моддаи 289 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуда, аз ин хулосаи зарурӣ набароварда, дидаю дониста бо мақсади ба даст овардани фоида, даст ба содир намудани ҷинояти қасдона задааст. 

Чунончӣ, номбурда бо мақсади ба даст овардани фоида, тавассути автомашинаи шахсии худ тамғаи «Toyota Fielder», рақами қайди давлатиаш 1776 RX 01 тариқи қочоқ 34 номгӯи маводҳои дорувориро, ки мутобиқи хулосаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба пайдоиш, ворид (рухсатномаи якдаъфаина) ва тасдиқкунандаи ширкатҳои истеҳсолкунандро надорад, ба шаҳри Душанбе  интиқол додааст.

Дар асоси хулосаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши маводҳои дорувории мазкур маблағи 162799 сомонӣ, яъне миқдори калонро ташкил медиҳад, ки бидуни назорати гумрукӣ ва пинҳони аз назорати гумрукӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Яқубов Б.В. бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди ба итмом расидани тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

          Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан