Азонихудкунии корманди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қушоқова Мавлуда Сафаровна дар вазифаи сармуҳосиби Муассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда истода, бо маслиҳати пешакӣ бо муҳосиби муассисаи мазкур Маҳмадшоева Манижа Вазировна аз моҳи январи соли 2017 то моҳи майи соли 2019 ба асноди расмӣ дидаю дониста маълумотҳои бардурӯғ ворид намуда, аз ҳисоби бастаҳои холи (вакантҳо) варақаҳои музди меҳнати электрониро сохаткорӣ намуда, бо ин роҳ музди маош ҳисоб карда, дар як чанд ҳолат маблағи 96403,55 сомониро азонихуд намуда, ба манфиати шахсиашон сарф кардаанд.
Оиди ҳолатҳои мазкур санаи 25 июни соли 2019 нисбати Қушоқова М.С. ва Маҳмадшоева М.В. бо моддаҳои 245 қисми 3 банди “а” ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷинояти оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад
.
14.08.2019 11:55
1107
Хабарҳо