Қаллобӣ бо истифодаи мақоми хизматӣ

 

112cec975f61419ebf207b2ff4510681Икромов Зафар Музафарович дар вазифаи ваколатдори калони гурӯҳи махсуси Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оиди гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш даст ба ҷинояти қаллобӣ задааст.

Чунончи, номбурда директори Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Восеъ Шарипов Қ.И.-ро дар содир намудани ҷиноятӣ гирифтани пора гумонбар дониста, дар давраи аз охирҳои моҳи декабри соли 2019 то моҳи июли соли 2020 дар якчанд ҳолат аз аз ӯ 56 000 сомонӣ талаб намуда, аз маблағҳои талабнамудааш дар маҷмӯъ маблағи  51 000 сомониро гирифта, тасарруф намудааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Икромов З.М. бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шуд.

 

          Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан