Корманди суд дастгир гардид
Санаи 31 январи соли 2019 шаҳрванд «А» ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ариза муроҷиат намуд, ки нисбати котиби суди ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд Исроилзода Фурқат чораи қонунӣ андешида шавад, зеро номбурда бо воситаи пристави суди ноҳияи Деваштичи ҳамин вилоят Ҳамзаев Муродҷон Қурбонмуротович барои бекор кардани ақди никоҳ аз ӯ бо роҳи қаллобӣ маблағи 3000 сомонӣ талаб карда истодааст.
Худи ҳамон рӯз нисбати Ҳамзаев М.Қ. ва Исроилзода Ф. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «б», «в» ва «г» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар натиҷаи гузаронидани амалҳои оперативӣ-тафтишотӣ Ҳамзаев М.Қ. баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 3000 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд.
Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҳамзаев М.Қ. ва Исроилзода Ф. ба итмом расонида шуда, он барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.