Сӯҳбату вохӯрии судманд бо кормандони соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Панҷакент

Дар асоси Нақшаи баргузории чорабиниҳои маърифатӣ-иттилотии зиддикоррупсионии Агентӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли ҷорӣ бо кормандони беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, Шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент дар мавзӯи “Муқовимат ба коррупсия кафили рушди соҳаи тандурустӣ” суҳбату вохӯрии судманд доир гардид.

 

Дар чорабинӣ кормандони Агентӣ доир ба чораҳои муқовимат ба коррупсия ва роҳҳои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ дар соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва ба ин васила паст намудани шиддати коррупсия ва татбиқи босамари барномаҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия бо маъруза баромад намуданд.

 

Дар идома доир ба хавфу хатари экстремизм ва терроризм ба ҷомеа, риояи қатъии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ гузаронида шуд.

 

Дар фарҷом иштирокчиён доир ба мавзӯҳои болозикр фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуда, ба саволҳои пешниҳоднамуда ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

Кормандони Агентӣ ба ҳозирин маводҳои иттилоотӣ оид ба оқибатҳои зараровари кирдорҳои коррупсиониро дастрас намуда, даъват ба амал оварданд, ки барои пешрафту шукуфоии ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузоранд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

 

 

 

 

 

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ