Заминфурӯшии корманди масъули корхона
Абдурашидов Абдурасул дар вазифаи муовини директори Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и шаҳри Конибодом кор карда истода, бо истифода аз мақоми хизматӣ, аз шаҳрванд “А” барои ба номи шаҳрванд “Б” ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар масоҳати 0,06 га. аз ҳудуди заминҳои шаҳри Конибодом ба воситаи раиси кумитаи маҳаллаи “Наврӯз”-и шаҳри Конибодом Ахмедзода Одил маблағи 63000 рубли Россия талаб намуда, санаи 04 январи соли 2019 баъди гирифтани маблағи мазкур аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд.
Оиди ҳолати мазкур санаи 04 январи соли 2019 нисбати Абдурашидов А. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он пас аз итмоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.