Баргузории семинари омӯзишӣ дар соҳаи тандурустӣ

Баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати кишвар буда, ба раванди ислоҳоти соҳаи тиб, истифодаи мақсадноку самарабахши маблағҳои давлативу лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва пешгирии ҳодисаҳои коррупсионӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад.

 

Аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони соҳаи тандурустӣ чорабиниҳои таблиғотиву ташвиқотӣ доир карда шуда, мафҳуму моҳияти санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва барномаҳои зиддикоррупсионӣ ба саъми кормандон расонида мешавад.

 

Бо ин мақсад дар Муассисаи давлатии маркази саломатии шаҳрии №1 бо иштироки доираи васеи кормандон семинари омӯзишӣ баргузор гардида, ба ҳозирин нуқтаҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷиикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, аз қабили мафҳумҳои асосӣ, принсипҳои муқовимат ба коррупсия, субъектҳои муқовимат ба коррупсия ва дигар масъалаҳои фарогири қонуни мазкур шарҳу тавзеҳ дода шуд.

 

Дар доираи чорабинии болозикр иштирокчиён доир ба мавзӯъ фикру андешаҳои хешро баён дошта, ба саволҳои пешниҳоднамуда ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

 

 

 

 

 

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ