Баргузории сӯҳбату вохӯрии кормандони Агентӣ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев

 Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҷавонон дар масоили муқовимат ба коррупсия ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев таҳти унвони “Баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии ҷавонон–омили рушди суботи ҷомеа” сӯҳбату вохӯрии судманд доир гардид.

 

 Дар чорабинӣ масъулини раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон суханронӣ карда, нақши ҷавононро дар роҳи мубориза бо коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ баланд арзёбӣ намуданд.

 

 Ҳамзамон ба иштирокчиён мазмуну моҳияти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва роҳҳои муосири муқовимат ба коррупсия фаҳмонида дода шуд.

 

 Дар навбати худ устодону донишҷуёни донишгоҳ доир ба мавзӯъ ибрози андеша намуда, ба саволҳои пешниҳодгардида ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

   Маркази матбуоти Агентӣ

 

 

 

 

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ