Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 12-умин солгарди таъсисёбии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлис дар вазъияти тантанавӣ бо нишони арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ таҳти садо додани суруди милӣ оғоз карда шуд.
Дар оғози ҷаласа Директори Агентӣ, генерал-майори адлия муҳтарам Султонзода Сулаймон Саид тамоми ҳайати шахсии мақомотро бахшида ба ин рузи фархунда табрику таҳният гуфта дар бораи бо иқдоми сиёсии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 январи соли 2007 таъсис ёфтани Агентӣ ҳамчун мақоми махсусгардонидашуда ёдовар шуданд. Ҳамчунин дар ҷаласа дастовардҳои мақомоти Агентӣ бо мақсади истифодаи самарабахш ва мақсадноку шаффофи маблағҳои буҷетӣ, назорат ва риояи қатъии интизоми молиявӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳи огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд дар 12 соли фаъолият боиси қаноатмандӣ эътироф карда шуд.
Зимнан бахшида ба ин рӯз тибқи фармоишҳои Директори Агентӣ як қатор кормандони Агентӣ мукофотонида шуданд.