Гирифтани пора барои пардохт намудани маблағи фарқияти фанҳо

Дар баробари ин, Турсунов М.А. кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, такроран аз донишҷӯ “А” барои гирифтани санҷишу имтиҳонҳояш маблағи 2500 сомонӣ талаб намуд.
Вобаста ба ҳолати мазкур санаи 25 сентябри соли 2018 нисбати Турсунов М.А. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “а,в,г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда худи ҳамон рӯз зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ баъди аз донишҷӯ “А” гирифтани маблағи 2500 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд.
Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Турсунов М.А. аз ҷониби Агентӣ ба анҷом расонида шуда, он барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.