Гирифтани пора барои ба таъхир андохтани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ ва додани билети ҳарбӣ

Оиди ин ҳолат санаи 18 октябри соли 2018 нисбати Сироҷидини Мирзомудин бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, худи њамон рӯз њангоми гузаронидани амалиёти оперативӣ-тафтишотӣ охирин баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 4000 сомонӣ дар ҷои ҳодиса дастгир гардида, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд.
Баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ нисбати Сироҷиддини М. барои моҳиятан баррасӣ кардан ба суд ирсол карда шуд