Гирифтани пора барои додани билети ҳарбии ноқобил ба хизмати ҳарбӣ
Каримов Фаррух Икромович дар вазифаи комиссари Комиссариати ҳарбии ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон кор карда бо истифодаи мақоми хизмати бо мақсади ба даст даровардани даромади муфт дидаю дониста, ки даъватшаванда Шарипов Мақсад гирифтори бемории қалб мебошаду ба сафи қувваҳои мусаллаҳ сафарбар намудан аз рӯи хулосаи комиссияи тибби имконнопазир аст барои додани билети ҳарбии ғайри қобили хизмати маблағи 3000 сомонӣ ба сифати пора талаб намудааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – тафтишоти Каримов Фаррух Икромович, дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Қубодиён ба воситаи миёнарав Ҷумаев Сайраҳмон Абдураҳмонович, ҳангоми гирифтани маблағи 3000 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъи ёфта гирифта шуд.
Оид ба ҳолати зикршуда нисбати Каримов Фаррух Икромович, бо моддаи 319 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад