Истифодаи мақоми хизматӣ бо мақсади тасарруфи маблағ

 Саидов Маҳмуд Ҷамахонович дар вазифаи мутахассиси раёсати баруйхатгирии техникии корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Ҳисор кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш аз шаҳрвандон “А” ва “Б” барои тайёр карда додани шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии қитъаи замин маблағи 13.000 сомонӣ гирифта, аз ин маблағ 12426 сомониашро тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.

 

 Дар ин асос вобаста ба ҳолати зикршуда нисбати Саидов Маҳмуд Ҷамахонович бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.        

 

 Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ