Истифодаи мақоми хизматӣ бар хилофи манфинатҳои давлат

 Солиев Зоҳирҷон Раҳмонович дар вазифаи назоратчӣ-барқчии Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Ваҳдат кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо истифодаи мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои бекор кардани санади қоидавайронкунӣ маблағи 4000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 3800 сомониашро гирифта, бар хилофи манфиатҳои хизматӣ ҳисобкунаки барқии манзили истиқоматии охиронро бе тартиб додани санади дахлдор иваз намудааст. 

 

 Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Солиев Зоҳирҷон Раҳмонович бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷкистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ