Гирифтани пора барои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ –ҷустуҷӯи муайян карда шуд, ки Каримов Фазлиддин Субҳонқулович, дар вазифаи муҳандис-заминсози Ҷамоати деҳоти “Чоряккорон”-и ноҳияи Рӯдакӣ кор карда истода бо истифодаи мақоми хизматиаш бо роҳи фиреб аз шаҳрванд “А” маблағи 10500 доллари ИМА-ро барои додан ва ҳуҷҷатгузорӣ кардани 0,12 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ талаб намуда қарори раиси Ҷамоати деҳоти “Чорякорон”-и ноҳияи Рӯдакӣ оиди додани 0,12 га қитъаи замини назди ҳавлигӣ бо истифода аз техникаи компютерӣ сохтакорона тартиб додааст.
Аз маблағи мазкур 500 доллари ИМА – ашро гирифта боз овардани боқимонда маблағи 10000 доллари ИМА-и дигарашро талаб намуда истодааст.
Номбурда ба номи шаҳрванд “А” қарори раиси Ҷамоати деҳоти “Чорякорон”-и ноҳияи Рӯдакӣ оиди додани 0,12 га қитъаи замини назди ҳавлигӣ бо истифода аз техникаи компютерӣ сохтакорона тартиб додааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Каримов Фазлиддин Субҳонқулович, ҳангоми гирифтани маблағи 10000 доллари ИМА дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Каримов Фазлиддин Субҳонқулович бо моддаи 247 қисми 4, 340 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда тафтишоти пешакии он идома дорад.










